• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир

Migration Service by Migration Service
26.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Бо падидаҳои номатлуб оштинопазир бошем!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама ба истиқлоли давлатӣ, ба мавҷудияти давлати мустақил, сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоиштаи мардум, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва арзишҳои пурқимати миллии мардуми тамаддунсози мо монеаҳои хатаровар эҷод мекунанд.

Дар рафти давлатсозӣ пояҳои асосии давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуда, парламенти дупалатагӣ таъсис дода шуд. Давлати Тоҷикистон дар самти инкишофи хеш бештар ба ҷанбаҳои иҷтимоии ҳалли масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, инкишофи мутаносиби хешро таъмин менамуд. Чунин дигаргуниҳо имкон дод, ки дар партави истиқлоли давлатӣ барои эҳё ва ташаккули минбаъдаи давлатдории миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Чунин нақши давлат дар давраи бунёди ҷомеаи демократӣ ва амалишавию такмили давлатдории миллӣ, ба таври пурра собит гардид.

Кишвари мо ҳоло низ дар марҳалаи тақдирсози таҳкиму тақвияти пояҳои давлати худ қарор дорад ва он саъю талошҳои минбаъдаро ба хотири ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву амниятӣ тақозо менамояд. Ҳамин тариқ, метавон қайд кард, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият, сарфи назар аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст барои бунёди давлати нави соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузорад. Дар шароити феълӣ бисёре аз принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ки дар Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд, воқеияти худро тадриҷан дар амалияи ҷамъиятӣ пайдо намуда истодаанд. Ҷой додани принсипҳои демократӣ дар низоми қонунгузорӣ ҳанӯз  воқеият доштани ин принсипҳоро ифода наменамояд. Аммо метавон бо итминон таъкид намуд, ки Тоҷикистон қадамҳои устуворонаи худро бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои мутамаддини олам дар ин самт гузошта истодааст ва минбаъд ба яке аз кишварҳои демократии пешрафта мубаддал хоҳад гардад.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросими динӣ риоя мегарданд.

Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар  адабиёти илмӣ ва матбуоти даврӣ дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбиниҳои гуногун арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таассубгароӣ фаҳмида мешавад. Албатта, падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст, ба қавли ҷомеашиносон он дар кишварҳое реша мегирад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Ба ақидаи ҷомеашиносон, радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад.  Барои ба ҳадафҳои сиёси расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахс таъсир расониданӣ мешаванд. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифроткор ва гурӯҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Истиқлоли давлати Тоҷикистон дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тӯли ҳазорсолаҳо шабеҳ надорад агар насли имрӯзаи тоҷикистониён ин маъниро амиқ дарк намоянд, пас барои онҳо ҳифзи истиқлоли давлати бояд қарз ва вазифаи ҳаётан муҳим маҳсуб гардад.

Гулмаҳмадзода Шамшод,

Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Идомаи вохӯриҳои судманд бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.