Раванди муҳоҷират дар даҳсолаи охир ба худ хусусияти табииро касб намудааст. Барои мисол, агар аксарият шаҳрвандони мо ба муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Россия сафар намоянд омори расмии Федератсияи Россия нишон медиҳад, ки миллионҳо шаҳрвандони ин кишвар низ дар муҳоҷирати ғайр мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари афзоиши аҳолӣ, талабот ба ғизо, манзил, заминҳои кишоварзӣ, таъминоти об, инчунин ҷойҳои корӣ меафзояд ва афзоиши аҳолӣ, хусусан дар деҳот, дастрасӣ ба захираҳоро камтар менамояд ва фишор ба бозори меҳнат вусъат ёфта, теъдоди муайяни одамон бинобар набудани ҷойҳои корӣ, камбизоатӣ ва дигар омилҳо барои дастгирии оила ва беҳтар кардани шароити рӯзгор ба хориҷи кишвар сафар менамоянд.
Аммо дар баробари ин имконият, хатарҳое низ вуҷуд доранд. Яке аз хатарҳои ҷиддӣ ин ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани баъзе аз ҷавонон мебошад.
Чаро ҷавонон осебпазиранд?
Надонистани қонун ва забони кишвари қабулкунанда.
Танҳоӣ ва дурӣ аз оила.
Фишори иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои зуд ба даст овардани пул.
Фиреби гурӯҳҳои шубҳанок бо шиорҳои бардурӯғ.
Хавфи “ҷалб шудан”
Гурӯҳҳои ифротӣ бо ваъдаҳои зебо ва истифода аз интернет ҷавононро ба дом мекашанд. Ин на танҳо ба ояндаи худи онҳо, балки ба амнияти тамоми ҷомеа хатар дорад.
Огоҳӣ – сипари муҳоҷир Пеш аз сафар ҷавонон бояд забон омӯзанд, касбият дошта бошанд, қонуну қоидаҳои муҳоҷиратии давлати қабулкунандаро донанд. Дар чорабиниҳои иттилоотӣ, вохӯриҳо ва семинарҳо, ки пайваста баргузориашон роҳандозӣ карда шудааст иштирок намуда, аз хавфҳои эҳтимолӣ огоҳ бошанд.
Дастгирӣ дар хориҷ
Бо фаъолияти Сафорат, Консулгарӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шинос шуда, суроға ва рақамҳои телефони онҳоро дошта бошанд. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки худро танҳо эҳсос накунем.
Интернет: хатар ё имконият?
Шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи асосии таблиғи гурӯҳҳои ифротӣ шудаанд. Телефонҳои мобилӣ имрӯз қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар як ҷавон гаштаанд. Онҳо воситаи муҳим барои таҳсил, муошират ва дастрасӣ ба маълумот мебошанд. Аммо истифодаи нодуруст ё заиф будани тафаккури интиқодии шахс метавонад ба оқибатҳои манфӣ, аз ҷумла ба шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ оварда расонад.
Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки худро аз таблиғоти зараровар ва даъват ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ эмин нигоҳ дорад.
Оила – қалъаи муҳофизатӣ
Муколамаи доимии волидон бо фарзандонашон, маслиҳатҳои дӯстона ва дастгирӣ метавонад муҳоҷирро аз роҳгумӣ эмин нигоҳ дорад. Мо бояд донем, ки пайвандони мо берун аз кишвар дар куҷо кор мекунанд, ҳолати ҳуқуқии будубоши онҳо дар кадом сатҳ, дар иҳотаи чи гуна одамон мебошанд.
Хулоса
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ кори дастаҷамъона аст. Давлат, ҷомеа, оила ва худи ҷавонон бояд якҷо амал кунанд.
Ҷавонони мо бояд ҳамеша бо ҳисси баланди хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ зиндагӣ кунанд. Онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки дар хориҷи кишвар на танҳо муҳоҷиранд, балки намояндаи як миллати бузургу бофарҳанг мебошанд. Аз сатҳу рафтор, ҷаҳонбинию муошират ва ахлоқи онҳо симои миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Алимардонов Фаридун,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён