Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар ҷараёни мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
Дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҷон гирифтани созмонҳо, гурӯҳҳо, дастаҳои террористӣ – ифротгароӣ аз ташкилоту созмонҳои маблағгузор, яъне хоҷагони хориҷии онҳо равшан ба мушоҳида мерасад.
Чунин вазъияти баамаломада хавфу хатар ва оқибати хатарзову хатарафкан дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ эҷод менамояд. Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хавфу хатари глобалӣ, ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм – ашхоси террорист-ифротгаро Ватан, миллат, дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини рӯи Замин аст.
Биноан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ бояд дошта бошем. Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадиддан, ҷиддан маҳкум мекунем. Баҳри таҳкими якпорчагии Ватани азизи худ ҳамеша омода ҳастем ва сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи давлату Ҳукуматро пайваста ҷонибдорӣ менамоем.
Барои ин, пеш аз ҳама, муттаҳидӣ ва солимфикрӣ зарур аст. Чаро? Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои вазнин ва таҳдид ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан ҳам таҳдид менамояд.
Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофот, ҷиддиятҳост, доир ба афзудану густариши терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо зиёд мегӯянд ва менависанд. Ба ин хотир дастаҷамъӣ, муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ, ваҳдату ягонагӣ, рафоқати инсонии сокинони кишвар ва кӯшиш кардан баҳри таъмини амнияти миллӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур ва муҳим аст.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.
Аз васоити ахбори омма огаҳем, ки терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба муаммои ҷиддитарини инсоният дар қарни 21 табдил ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Онҳое, ки ба амнияти кишвари соҳибистиқлоли мо хатар эҷод намуда, оромиву суботи ҷомеаи моро халалдор намудан мехоҳанд ва ҳамарӯза бо шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафҳои иғвоангезонаи худро паҳн карда, мафкураи мардуми моро тағйир додан мехоҳанд, гуфтанием, ки мо – мардуми бедор ҳастем, аз ҳадафҳои нопоки ингуна нохалафон воқифем ва намегузорем, ки ба амнияти мо рахна ворид шавад. Ватани азизро бар ивази ҷон ҳифзу ҳимоя менамоем. Барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо омода ва баҳри гулгулшукуфоии кишварамон ҳамеша саҳмгузор мегардем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон