Ифротгароии динӣ аз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ маншаъ мегирад. Дар замони муосир ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таблиғоти густурда ба роҳ мондаанд, ки маҳаки асосии чунин таълимот ташкили хилофати ба ном исломӣ аст. Шахсони ҷоҳил ва хурофотпараст ба чунин таблиғот дода шуда, дар сар андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мепарваранд.
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бо истифода аз ташкилотҳои экстремистию террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ динро васила қарор додаанд, ҳоло он ки Ислом дин аст, эътиқод аст, имон ба Худои азза ва ҷалла ва Паёмбари барҳақи ӯст. Сиёсат бошад, бозиҳои манфиати абарқудратҳост, ки аз фақру нодонии мардуми мусулмон истифода карда, онҳоро ба ҷангу хунрезӣ ва ҳамдигаркушӣ мекашанд. Мардуми мусулмонро ба гирдоби кашмакашиҳо андохта, худашон аз ин вазъ истифода мекунанд.
Аз ин рӯ, масъалаи ифротгароии динӣ наметавонад касеро бетараф гузорад. Зеро экстремизму терроризм ба Ватани мо, ба хонаву дар ва фарзандони мо таҳдид мекунад.
Ҳар як тоҷики ватандӯст, оромиши миллат ва ҳукмфармоии фазои сулҳу суботро чун гавҳараки чашм зарур медонад, бо воситаҳои машруъ онро ҳифз менамояд, давлатро дӯст медорад. Ҳадафи ифротиҳо, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, ҳам дар соҳаи баҳси илмӣ ва ҳам дар майдони набард, мардуми соддалавҳро, ки аз макру ҳилаи онҳо бехабар ҳастанд, гул задан аст.
Хурофотпарастӣ аз ҷаҳолат сарчашма мегирад. Солҳои навадум баъзе одамон фарзандони худро ба ҷои илму дониш омӯзондан, ба назди шахсони шубҳанок бурда монданд, ки илми динӣ омӯзанд. Баъдтар маълум шуд, ин шахсон аъзоён ва пайравони ташкилоти террористӣ ва экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ”, одамони аз мазҳаби Имоми Аъзам дур будаанд.
Чунин ба ном “муаллимҳо”-и наҳзатӣ ба кӯдакону наврасон ба истилоҳ “дарс” дода, дар мафкураи онҳо афкори эътирозиро ҷой карданд. Оқибат ақидаи мардум хурофотӣ шуда, бо фармони хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби ТТЭ ҲНИ, ҳаммаслакон ва ҳамақидаҳои онҳо, инчунин шахсоне, ки таълими кунҷакии динӣ гирифта буданд, бо мақсади аз байн бурдани Тоҷикистон ва миллати тоҷиқ, ки наҳзатиҳо ҳамаро кофир эълон карда буданд, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар натиҷа 150 ҳазор одамони бегуноҳ кушта, ҳазорҳо кӯдакон ятим монданд, шаҳрҳо ва деҳаҳои обод валангор шуданд ва ба ҷумҳурӣ беш аз 12 миллиард доллар зарар расонида шуд.
Чунин “муаллимҳо”-и наҳзатӣ дидаву дониста ба кӯдакону наврасон дар бораи дин тасаввуроти нодуруст талқин намуда, дар мафкураи онҳо ақидаҳои хурофотӣ ва ифротиро ҷой намуданд. Мусаллам аст, ки майнаи кӯдакону наврасон осебпазир буда, афкору ақидаи онҳоро ба тарафи дилхоҳ майл додан кори осон аст. Дар ин сину сол ба кӯдакону наврасон ҳар чӣ талқин карда шавад, онро ҳақиқат меҳисобанд ва ба худ қабул мекунанд.
Агар таҳлил кунем, аксари онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё ба сафи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили “Давлати исломӣ”, “Ҳизби Таҳрир”, “Салафия”, “Ҳизби наҳзати исломӣ” ва амсоли инҳо пайваста, ба куштори мусулмонон даст задаанд, дар хурдӣ дар ҳуҷраҳо таълимоти кунҷакӣ ва ғайриқонунии динӣ гирифтаанд. Ва маҳз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ барои ба роҳи ифрот қадам мондани онҳо замина шудааст.
Ҷаҳолат заминаи мусоид барои хурофот қадам ба сӯи ифротгароӣ аст. Мисоли равшани он кишвари ҳамсоя аст. Дар натиҷаи ҷаҳолату хурофотпарастӣ кӯдакон аз таълимоти дунявӣ дур монданд, илм хору залил гашт. Оқибат он ба харобазор табдил ёфт, ҳар рӯз қатлу куштор, ҳар рӯз амалҳои террористӣ, мардум овораву саргардон, истеҳсолот аз байн рафт, ҳол то ҳадде табоҳ шуд, ки ғорату одамрабоиву одамкушӣ воситаи дарёфти қути лоямут гардид.
Дар натиҷаи ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ мо як бор хато кардем ва оқибати он ба ҳама маълум аст. Бинобар ин, баҳри пешгирии ифротгароии динӣ мо ҳаргиз бояд бетараф набошем! Нагузорем, ки фарзандони мо хурофотпараст ва ифротгаро шаванд, нагузорем, ки шахсони тасодуфӣ ба мафкураи фарзандони мо ақидаҳои экстремистиро ҷойгир намуда, онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд.
Ба қавли шоир:
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст!
Дар ин замина ба Ватану миллати мо, ба сулҳу суботи мо, ба ҳаёти осоиштаи мо низ як идда ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таҳдид мекунанд.
Таҳририву салафӣ, доишиву наҳзатӣ ҳама дар каминанд. Ягона мақсади онҳо бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намудани наврасону ҷавонон аст. Бо ин мақсад имрӯзҳо аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шабакаи интернет тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда шудааст. Саҳифа, гурӯҳ ва каналҳои махсус таъсис дода, шабу рӯз ақидаҳои ғаразноки диниро паҳн мекунанд. Дар аввал чунин менамояд, ки дар чунин саҳифаҳои интернетӣ масъалаҳои тарбиявӣ -ахлоқӣ паҳн карда мешаванд. Дар асл, чунин нест!
Дар ҳолати аъзо шудан ба чунин гурӯҳҳо ва каналҳои ба ном исломӣ ва тамошову мутолиаи пайвастаи матлабҳо ва наворҳои видеоӣ, андешаи наврасон дигаргун шуда, дар мафкураи ӯ ақидаҳои зиддимазҳабӣ ва зиддидавлатӣ ташаккул меёбанд. Чунин ҷавонон ақидаҳои экстремистиро ба худ дуруст қабул намуда, мепиндоранд, ки дини ислом ҳамин аст! Маҳз чунин андешаҳо садҳо ҷавонони тоҷикро водор сохтанд, ки ба Ироқу Сурия рафта, террорист шаванд. Не, ислом чунин нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат аст!
Ҳар як падару модар ва устодони мактабу коллеҷу донишгоҳҳо вазифадор ҳастанд, ки наврасону ҷавононро назорат намоянд, ба онҳо тарзи дуруст истифода намудани интернетро омӯзонанд. Агар интернет дуруст истифода шавад, он манбаи илму дониш аст, аммо агар баръакс истифода гадад, он ба бадбахтиҳо оварда мерасонад. Зеро барои дастгирии ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ ва паҳн намудани маводҳои ифротӣ дар шабакаи интернет ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Мо бояд садди роҳи ниятҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ гардем. Имрӯз бояд ба ҳифз кардани арзишҳои миллиамон кӯшиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳалли зистамон ба роҳ монда шавад.
Мо бояд ба ҷанбаҳои дохиливу берунаи мубориза алайҳи амалҳои террористиву ифротгароии динӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Пеш аз ҳама пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву миллии тоҷикон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Андешаи истиқлоли давлатии тоҷиконро дар тафаккури ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷо диҳем.
Ба мардум, хусусан ба ҷавонон фаҳмонем, ки дар ислом мафҳуми “террор” вуҷуд надорад, ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад. Кӯшиш кунем, ки фарзандонамонро бо насиҳатҳои Рӯдакиву, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Шайх Камолу Мавлоно Ҷомӣ тарбия намоем.
Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои Худованд – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ҳарис бошем, зеро дӯст доштани ватан, ҳимояи марзу буми Ватан фарз аст. Мо аз тоҷик ва тоҷикистонӣ будани худ ифтихор дорем ва бо ҷону дил истиқлоли Ватани азизро ҳифз менамоем!
Ҳамаи ин таъкидҳо танҳо як ҳадаф доранд. Зиндагии осудаву хушбахтона дар Ватани амну ободе бо номи Тоҷикистони азиз. Агар мо масъулияти ватандории худро дуруст эҳсос кунем ва ҳар кори аз дастамон меомадаро барои ҳифзи ҳамин сулҳу осоиштагӣ сафарбар намоем, хеҷ хатаре ба амнияти мо, миллати мо ва Ватани азизи мо таҳдид нахоҳад дошт.
Ахмедов М,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара