Дар таҳавуллоту бархурдҳои ҷомеаи мутамаддин имрӯз ифротгароии динӣ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодааст. Ҷиҳати муборизаи беамон бурдан ва решакан кардани ин зуҳурот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шуда истодааст.
Ифротиён ин гурӯҳи афроди гумроҳшудаанд, ки дар аксар ҳолатҳо зери таассуб қарор гирифта, ақида ва эътиқоди хешро тағийр додаанд. Шахсе, ки ба гурӯҳҳои тундгаро шомил мегардад, дигарбора имконияти баромадан аз ин роҳро гум намуда, дар гирдоби ақидаҳои ифротгароён ғарқу нобуд мегарданд.
Имрӯз созмонҳои ифротгароии динӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ кишварҳои ҷаҳонро зери таҳдиди ҷиддӣ мегузорад. Ҳадафҳои асосии ифротгароён тафриқаандозӣ миёни мардум ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ мехоҳанд ҷомеаро ноором созанд.
Ифротгароии динӣ яке аз муаммоҳои асосии хатаровар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри ХХI ба ҳисоб рафта, ҳодисаҳои сангин ва ногувори солҳои охир далели ин нукта мебошад.
Барои пайравони равияҳои ифротгаро мафҳумҳои худшиносӣ, миллат, Ватан, сулҳу амният ва суботу осоиштагӣ ҳеҷ арзише надорад ва бештар шуури онҳоро таассуби динӣ, ҳирси ҳокимият ва ба даст овардани молу сарват фаро гирифтааст. Мутаасифона, ифротгароён тавонистанд иддаи ҷавонони ноогоҳро аз қишрҳои мухталифи ҷомеа пайрави худ намоянд.
Ба ҳамаи ин душвориҳои пуртазоди геосиёсии ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист созмонҳои пурқуввати ҷавонон ба монанди, Иттифоқи ҷавонон, Ҷамъияти ҷавонони эҷодкор, Ҷамъияти ҷавонони ҳуқуқдон ва ғайраро ташкил намояд, ки ҳадафи меҳварии онҳо пеш аз ҳама таҳкими сулҳу субот, ягонагии ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, тарбия дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолият, тақвият бахшидан ба иқтисоди солими миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳама гуна навъи ҷинояткорӣ мебошад.
Омӯзиши ифротгароии динӣ ва оқибатҳои он аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфт кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои вазнини он дар канор монда бошад.
Солҳои охир, махсусан даҳсолаи охир ифротгароӣ дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам доман паҳн кардааст ва таҳдид ба амнияти ҷомеаи башарӣ дорад. Мубориза бо ин падидаи номатлуб бошад, амали муттаҳидонаву дастҷамъонаро тақозо менамояд.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

