Дар тӯли таърих ҳар давлату миллатеро зарур меояд, ки роҳбари арзанда ва пешвои муносиберо ба худ интихоб намуда, зеро нақши пешво ё роҳбар дар пешбурди рушди давлатдорӣ нақши муҳимро бозад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бисёр чеҳраҳои таърихӣ дар ҳаёти сиёсии баъзан кишварҳо нақши муассир гузошта, қадамҳои устувори ташаббускоронаи онҳо сарчашмаи пешрафту ободӣ ва бунёдкорию созандагии мардумони он кишвар маҳсуб меёбанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза, рӯз ба рӯз, дар пеши назари халқи азизаш ташаккул ёфта, ҷойгоҳи хешро ба таври табиӣ дарёфта истодааст. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фарзанди фарзонаи миллат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва 6 ноябри соли 1994 бошад, бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалаба намуд. Боварию эътиқоди мардум ба Сарвари хирадпешаи хеш имконият дод, ки дар интихоботҳои солҳои 1999, 2006 ва 2013-и ба таври алтернативӣ ва шаффофу демократӣ баргузоргашта низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аксарияти овозҳо ѓолиб гашта, мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дилпурона ишѓол намояд.
Инак, дар интихоботе, ки рўзи 11 октябри соли 2020 баргузор гашт, бори дигар мардуми шарафманди кишвар бо боварию эътиқоди қавӣ тақдири худро ба ин фарзанди асилу сарсупурдаи миллат алоқаманд ҳисобида, аз нав ўро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиқ донистанд. Дар ҳақиқат замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.
Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: “То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам” хуб дар хотир доранд. Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо дар Афғонистони ҷангзада ва кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои зиёде ҷудо карда шуд.
27 июни соли 1997 Созишномаи Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав имзо карда шуд. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваста, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.
Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши ин ватану миллат ба воя расида, бо дастгирии мардум ба ин мартаба омада расид. Маҳз дастгирии мардум буд, ки ў ба як чеҳраи намоёни сиёсӣ ва як шахсияти воқеан табиӣ барои миллати тоҷик, чун Президенти мардумӣ сазовор гардид. Барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро зарур омад то роҳи пурпечутоб, пур аз мушкилот, пур аз хатарро тай намуда, мақоми ифтихориро сазовор гардад. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби Пешво ё роҳбари ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа, яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ, таърихи давлатдории мо, яъне масъалаи роҳбари сиёсии миллат, пешвои эътирофшудаи давлатӣ ё ташаккули давлатмард ҳалли муносиби худро пайдо намуд.
Роҳи аввалини пурхатаре, ки ҳамчун роҳбари сиёсӣ тай менамуд, овардани истиқлоли сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад. Сиёсати дурусти пешгирифтаи ӯ истиқлоли сиёсиро фароҳам овард ва мардуми иҷборан гурезагаштаро ба ватани хеш баргардонд. Ватанро аз нестшавӣ наҷот дода, миллатро аз парокандашавӣ ҳифз намуд. Пас аз расидан ба ин ҳама дастовард, роҳбари сиёсӣ мақомоти конститутсиониро ҳифз ва барқарор намуд. Ин ҳама дигаргунсозиҳо дар ин марҳалаҳо хеле душвор ва сангин буд, зеро ҳеҷ як барномаи тайёре барои давлат вуҷуд надошт.
Маҳз бо шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни бостонӣ, фарҳанги воло, таърихи беш аз чандин ҳазорсола мебошад. Эмомалӣ Раҳмон тавонист Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як узви баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ворид намояд. Имрӯз маҳз бо шарофати хизматҳои шоёни ӯ қариб 200 кишвари олам истиқлоли моро пазируфта, бо мо ҳамкориҳои хешро барқарор намудаанд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун ба як роҳбари олӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд.
Икромов Нозимҷон,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш

