20 ноябри соли равон дар Хадамоти муҳоҷират Маркази Байналмилалии Рушди Сиёсати Муҳоҷират ( ICMPD ) дар шаҳри Душанбе лоиҳаи “Такмили идоракунии муҳоҷират ва ҳифзи муҳоҷирон дар кишварҳои интихобшудаи Роҳи Абрешим ва Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, расман оғоз кард.
Лоиҳа, ки ӯҳдадории Иттиҳоди Аврупо ва ICMPD-ро ба идоракунии муҳоҷират нишон медиҳад, доираи фаъолияти Марказҳои захиравии муҳоҷирон (МЗМ) дар Осиёи Ҷанубу Миёна васеъ мекунад. Лоиҳаи мазкур васеъ кардани фарогирӣ ва функсияҳои МЗМ дар Душанберо дар бар мегирад. Ҳадафи ин тавсеа пурзӯр кардани маъракаҳои огоҳӣ, пешниҳоди иттилооти саривақтӣ ва дақиқ ба муҳоҷирони эҳтимолӣ ва таъмини устувории МЗМ мебошад.
Илова бар ин, ҳадафи лоиҳа дастгирии идоракунӣ ва танзими муҳоҷират мебошад, ки дар ниҳояти кор рақобатпазирии муҳоҷирони тоҷик дар бозори ҷаҳонии меҳнат ва таъмини ҳуқуқ, некӯаҳволӣ ва манфиатҳои онҳоро боло мебарад.
МЗМ дар Душанбе ба муҳоҷирони эҳтимолӣ маълумоти дақиқ ва саривақтӣ медиҳад, то ба онҳо имкон диҳад, ки дар бораи нақшаҳои муҳоҷирати худ қарорҳои оқилона қабул кунанд. MЗМ хатарҳо ва оқибатҳои муҳоҷирати ғайриқонуниро муаррифӣ мекунад.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, “нақши Марказро дар омода кардани муҳоҷирон ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва мунтаззам эътироф мекунад. Семинарҳои пеш аз сафар барои омода кардани муҳоҷирони корӣ ба ҳаёт ва ҷойҳои нави корӣ дар кишварҳои дигар муҳим боқӣ мемонанд”.
Раиси бахши ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ҷаноби Марк Бухманн ҳадафи умумии лоиҳаро чунин шарҳ дод: “Пешбурди ҳифзи муҳоҷирон дар кишварҳои мавриди ҳадаф, фарогирии тамоми марҳилаҳои муҳоҷират (дохилӣ ва хориҷӣ), аз ҷумла муқовимат ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хариду фурӯши одамон ва қочоқи муҳоҷирон. Аз ҷумла, ҳадаф таҳкими идоракунии ҳамгирошудаи муҳоҷират ба ҷинс ва ҳуқуқи инсон ҳассос ва дастгирии қабули қарорҳои огоҳона ва устувории муҳоҷирон дар сатҳи инфиродӣ, оила ва ҷомеа дар кишварҳои мавриди ҳадаф бо фарогирии тамоми давраи муҳоҷират ва бо назардошти ҷинсият ва ҳуқуқҳои инсон мебошад.”
Ҳамзамон, менеҷери минтақавӣ оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ICMPD хонум Виолета Вагнер қайд кард: “Таъсиси МЗМ дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони эҳтимолӣ ва оянда, инчунин барои муҳоҷирони бозгашта ва даврашакл аз нигоҳи ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилооти зарурӣ ва муосир дар бораи раванди муҳоҷирати онҳо аҳамияти бузург дорад. Номбурда қайд намуд, ки ICMPD метавонад як қисми раванди пешниҳоди ин маълумот бошад, то ба муҳоҷирон дар давоми сафари муҳоҷираташон бехатар ва огоҳтар бошанд.”
Дар маросими ифтитоҳи МЗМ намояндагони ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла дипломатҳо, сиёсатмадорон, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, ба ин васила фазои мусоид барои муколама ва табодули афкор дар соҳаи муҳоҷират фароҳам оварда шуданд.
Илова ба лоиҳаи мазкур, ICMPD дорои дигар ташаббусҳои идоракунии сарҳад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, таҳияи сиёсат ва эҷоди иқтидор дар Тоҷикистон мебошад. Ин дар асоси созишномае, ки ICMPD ва ҳукумати Тоҷикистон имзо кардаанд, сурат мегирад.
Намояндагони ICMPD барои баррасии ҳамкориҳои минбаъда бо ҳукумати ин кишвар дар бахшҳои мухталифи идоракунии муҳоҷират дар Тоҷикистон қарор доранд.
Бояд хотирасон намуд, ки Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират ( ICMPD ) соли 1993 бо ташаббуси Австрия ва Швейтсария таъсис ёфтааст. Ин созмон ҳамчун механизми пуштибонӣ барои машваратҳои ғайрирасмӣ, инчунин барои расонидани хидматҳои коршиносӣ ва муассир дар заминаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар масъалаҳои муҳоҷират ва паноҳгоҳ таъсис дода шудааст. ICMPD як созмони байналмилалиест, ки аз 19 кишвари ҷаҳон (Австрия, Булғористон, Босния ва Ҳерсеговина, Маҷористон, Олмон, Юнон, Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ, Малта, Полша, Португалия, Руминия, Сербия, Словакия, Словения, Туркия, Хорватия, Чехия, Швейтсария ва Шветсия), аъзои он мебошанд. Ташкилоти мазкур аз 465 корманд, намояндагӣ дар Брюссел, намояндагиҳои минтақавӣ ва намояндагиҳо дар Аврупо, инчунин дар Африқои Шимолӣ, Шарқи Наздик ва Амрикои Лотинӣ, иборат мебошад. ICMPD дар СММ мақоми нозир дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират