Ифтитоҳи Литсейи касбии саноати кимиё бо иштироки Пешвои муаззами миллат

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллт – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон МДТ “Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант”-ро баъд аз таъмиру азнавсозӣ ба истифода супориданд.

Муассиса дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир ва азнавсозӣ шуда, хобгоҳ, ошхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, бинои таълимӣ, устохонаҳо ва саҳни он пурра бо тарҳи замонавӣ барои баҳрабардорӣ омода гардид. Корҳои сохтмону навсозии иншоот бо саҳми соҳибкорон ва шахсони бо нангу номуси шаҳри Левакант ва вилояти Хатлон анҷом дода шудааст.

Дар баробари таъмири бинову иншооти ёрирасони муассисаи таълимӣ ҳамзамон дастгоҳу лавозимоти муосири дарсию касбомӯзӣ барои таълимгирандагон ва касбомӯзон дастрас карда шудааст, ки муҳассилин метавонанд бе ягон мушкилӣ ба касбомӯзӣ машғул гарданд.
Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант 25 июни соли 1964 ҳамчун омӯзишгоҳи касбии техникии №40 шаҳри Калининобод таъсис ёфта, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст.

Солҳои пеш Омӯзишгоҳ дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиëи Миëна ва Иттиҳоди Шӯравӣ ягона муассисае ба ҳисоб мерафт, ки мутахассисони варзидаи соҳаи истеҳсолии маводи кимëвиро омода менамуд.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ҳамзамон осорхона таъсис дода шудааст, ки таърихи таъсисëбии литсейи мазкур, таҳсилу фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи даврони таҳсил дар литсейи мазкур, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1969-1971 дар ин муассиса дар гуруҳи №10 бо ихтисоси “Челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ – санҷишӣ ва автоматика” таҳсил карда, онро бо муваффақият хатм намудаанд.

Айни замон Литсей аз рӯи 10 ихтисос – “Харрот”, “Системаи компютерӣ ва интернет технология”, “Мошинисти таҷҳизоти нассосҷӣ ва компрессорӣ”, “Кафшергари барқӣ”, “Лаборанти таҳлили кимиёвӣ”, “Кафшергари газӣ”, “Дӯзанда”, “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ”, “Челонгари барқии зеризаминӣ”, “Челонгари асбобҳои андозагирӣ, санҷишӣ ва автоматика” дар заминаи синфҳои 9 – 11 бо муҳлати таҳсили 1-2 – сола мутахассис омода менамояд.

Дар давоми солҳои фаъолият ин муассиса барои соҳаи иқтисодиёти кишвар 14 ҳазору 841 нафар мутахассис омода намудааст. Айни замон, шумораи умумии хонандагон 296 нафарро ташкил медиҳад, ки 57 нафари он духтар мебошанд.

Инчунин, дар муассисаи мазкур курсҳои кутоҳмуддати 3-6 моҳа бо гирифтани сертификат ва шаҳодатнома ба роҳ монда шудааст, ки дар нуҳ моҳи соли 2021 курсҳои мазкурро 33 нафар (8 нафар дӯзанда, 12 кафшергар, 13 нафар омузиши асосҳои компютер) хатм намуданд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант» 21 нафар омӯзгор (12 нафар зан) ва 16 нафар устои таълими истеҳсолӣ (3 нафар зан) ба хонандагон таълим медиҳанд.
Литсей дорои 25 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла 9 синфхонаи таълимии фанҳои тахассусӣ, 2 синфхонаи технологияи информатсионӣ, 16 синфхона барои фанҳои умумитаълимӣ ва 8 адад устохонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ мебошанд.

Муассиса бо мақсади дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявию амалии хонандагон бо корхонаҳо шартнома баста, таҷрибаомӯзии истеҳсолии пешаздипломии хонандагонро, ки марҳилаи ниҳоии раванди таълим мебошад дар “НОБ-и Сарбанд”, КВДМ “Нуриҳои Осиё” ва дигар корҳонаҳои саноатӣ ба роҳ мондааст.

Дар идомаи боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант бо ҷараëни корҳои сохтмони бинои филиали Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат шинос шуданд. Иншоот дар масоҳати 1,55 гектар замин бунëд карда шуда, аз 7 ошëна иборат мебошад.

Айни замон 28 нафар мутахассиси ватанӣ дар корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, ба таври густурда фаъолият доранд, то ин ки иншоот дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бунëд карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи сайëҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз 30 июли соли 2021 дар заминаи Литсейи касбии саноати кимëи шаҳри Левакант таъсис дода шудааст.

Ҷараëни таълиму тарбия дар ин боргоҳи илму маърифат дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои хадамоти гумрук, иқтисодиëт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, энергетика ва кори бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки иншоотро тибқи лоиҳа бо сифати баланд сохта ба истифода дода, барои ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисони ҷавон аз имкониятҳои фароҳамгашта мақсаднок истифода баранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо