Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли равон доир гардид, мулоқоти судманд дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур деҳаи Ҳаёти нав дар МТМУ №20 бо фаъолон, омӯзгорон ва волидайни хонандагон баргузор шуд.
Дар мулоқот мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Идиев Азизулло гуфт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуда, оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Ҳамоиши имрӯзаи мо бо мақсади ҳамовозӣ ва дастгирӣ аз ин дастуру ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои Пешвои миллат баргузор карда шудааст.
Гуфта шуд, ки дар мулоқоти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози андеша намуда, барои рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд ва аз аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ риояи қатъии муқаррароти қонунҳои мазкурро талаб намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои саҳеҳ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.
Роҳбари давлат дар хотимаи суханронӣ ба ҷавонони мамлакат ҳамчун соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат намуданд, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоянд.
“Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон бехиёнат ҳимоя кунед!
Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд», – чунин ёдоварӣ шуд аз ин суханронии Пешвои миллат.
Дар охир даъват шуд, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар мулоқоти мазкур баён гардиданд, бетараф набошем ва ба Ватани худ содиқонаву софдилона хизмат намоем, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия кунем, дар рушди ҷумҳуриамон саҳмгузор бошем.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ