Имрӯз 18 – уми майи соли 2025 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Чорабиниҳои оммавии варзишӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони сафоратхонаҳо, кормандони касбу кори гуногун вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо гузаронида шуданд.
Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзиданд.