• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Истиқлол – нодиртарин неъмати давлатсозию давлатдорӣ

Migration Service by Migration Service
05.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Истиқлол – нодиртарин неъмати давлатсозию давлатдорӣ
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷамъбаҳои назарӣ ва амалӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар он директори МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва шуғли аҳолӣ” Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадбекзода Моёншо, муовини директори Пажӯҳишгоҳ Собиров Лоиқназар, директори “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Раҷабов Раҷабали ва Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат Маҳмадзода Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон қайд карданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як халқу миллат дастоварди бузург ба шумор меравад. Истиқлол – мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ, ҳодисаи фараҳбаше мебошад, ки ба он ноил гаштан барои ҳар як миллат шарафи бузург аст.

Барои кишвари азизи мо – Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ дар таъмини рушди босубот дар кишвар, беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии миллати азизамон мусоидат намуд, имконият фароҳам овард, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ин халқи куҳанбунёд натиҷаҳои бузург ба даст оварда шавад.

Раванди ба даст овардани истиқлол дар кишвари мо бе қурбонию талафҳои зиёд ба даст наомад.

Бо сӯйистифода аз шиорҳои бебунёди демократӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳои зиёде ба вуҷуд омад, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Хушбахтона, ақли солим, тамаддуни бузурги тоҷиконаи миллати кӯҳанбунёдамон боис гардид, ки ба он ҷанги хонумонсӯз хотима бахшем.

Дар тафаккури шаҳрвандони ватандӯсту меҳанпарвар ҳисси якдилӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз гуноҳи ҳамдигар барои бақо ва пойдории давлати аҷдодӣ боло гирифт ва ҳамагӣ ҷиҳати хомӯш намудани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ камари ҳиммат бастанд.

Истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ нуқтаҳои калидие буданд, ки Истиқлоли давлатиро таҳким бахшиданд ва барои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар замина бунёд намуданд.

Сулҳ, имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шаванд, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргарданд ва барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар пояи воқеӣ муҳайё карда шавад.

Бе чунучаро Истиқлоли давлатӣ барои кулли мардуми тоҷик нодиртарин дастоварди таърихӣ, рамзи олии ватандорӣ, волотарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созанда, азму талошҳои фидокорона баҳри ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Тули 33 соли соҳибистиқлолӣ бо заҳмати содиқонаи халқи кишвар меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким ёфта, дар як вақт ҳаёти озодонаву осоиштаи ҳар афроди ҷомеа ва олитарин дараҷаи бахту иқболи воқеии миллат таъмин гардид.

Маҳз, бо заҳмату талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мардуми сарбаланди кишвар имрӯз Тоҷикистон дар дунё ҳамчун кишвари сулҳхоҳу сулҳпарвар эътироф гардидааст ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавзуи омӯзиши ҷаҳониён гаштааст, ки ин боиси ифтихори мост.

Моро лозим аст, ки дастовардҳои тули 33 – соли тақдирсозро натиҷагирӣ намуда, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманду фарзонаи миллат бирасем ва зиндагиномаи онҳоро сармашқи кору фаъолияти худ қарор бидиҳем.

Дастовардҳои замони истиқлолро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем.

Дар роҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ баҳри таҳкими пояҳои истиқлол ва бунёди давлати миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро истиқлол воқеан санаи сарнавиштсозу муқаддас, баҳри амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ аст.

Имрӯз, ки дар остонаи 33 – солагии ин ҷашни умумимиллӣ, Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, дасти дуо мебардорем, ки дар саросари кишвари азизамон ҳамеша сулҳу осоиштагӣ, амнияту субботи бардавом поянда бошад ва Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари шукуфону пешрафта, макони файзбор, диёри номдору шӯҳратманд, ҳамеша машҳур боқӣ бимонад.

Бигзор Истиқлоли миллӣ чун кӯҳҳои сарбафалак ва офтоби нурфишони кишвар устувору поянда бошад, – иброз намуданд иштирокчиёни ҳамоиш.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Зидди коррупсия мубориза мебояд

Next Post

Истиқлолият – сарвати бебаҳои миллат

Next Post
Истиқлолият – сарвати бебаҳои миллат

Истиқлолият – сарвати бебаҳои миллат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.