• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Истиқлолият – нишони барҷастаи пойдори давлат

Migration Service by Migration Service
28.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Истиқлолият барои ҳар яки мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатдории мустақил, кору пайкорҳои созандагӣ, азму талошҳои фидокронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро мустаҳкам намуд ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин кард.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, баҳои воқеии миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буда, солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд.

Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъд аз ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии хеш ноил гардид.

Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик рӯйдоди воқеан ҳам, хеле бузург буд.

9-уми сентрябри соли 1991 вакилони иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ расман Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон намуд.

Дар моддаи аввали ин эъломия чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад”.

Вақте ки давлати абарқудрати Шуравӣ аз байн рафт, дар ҷумҳурӣ вазъияти сиёсӣ муташанниҷ гашт.

Санаи 9-уми сентябри соли 1991аввалин маротиба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қайд карда шуд.

Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои эълони истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, субботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳост, ки марзу буми худро дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ карда, аз оғози марҳалаи наву тозае дар ҳаёти халқи мо башорат дод.

Ҳарчанд халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунёст, ҳарчанд аз ҷумлаи миллатҳоест, ки таърихи тамаддуни башариро бунёд гузоштааст, ҳарчанд фарзандони донишманду бофарҳангаш мисли нигини тобоне тоҷи давлату давлатдориҳои аҷнабиро шукӯҳ мебахшиданд, вале худ баъд аз фурӯпошиҳои сулолаи бузурги Сомониён дар тӯли ҳазор соли охир аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд.

Аз ин рӯ, санаи 9-уми сентябр барои мо натанҳо ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарории адолати таърихӣ, азизу арҷманд аст.

Дар таърихи ҳама миллат санаҳое ҳастанд, ки арзишу аҳаммияти фавқулоддаву муҳим доранд. Барои мо, тоҷикон, чунин санаи бузурги дорои аҳамияти таърихӣ – 9 сентябр, ҷашни Истиқлол мебошад.

Ҷашн ин пеш аз ҳама шодию сурур ва шукӯҳу тантана аст, шукӯҳу тантанае, ки дар замираш маънову рамзе дорад. Маънои ҷашни Истиқлол чун таърих амиқ аст, зеро ҷашни Истиқлол барои тоҷикон рӯзест, ки муҳтавои садсолаҳоро дар худ ғунҷоиш додааст.

Рӯзи Истиқлолият ин ҷамъбасти талошу муборизаҳо ва худфарсоиву ҷоннисориҳои абармардони миллат аст, ки барои озодии халқи тоҷик ва давлати миллӣ талош кардаанд ва дар саҳнаи ин муборизаҳои беамон ҷон супоридаанд.

Аз ин рӯ, Рӯзи Истиқлол ҷашни омӯзиши таърих ва шиносоӣ бо гузаштаи ниёгони бузург аст. Вагарна чӣ тавр метавонем арзишу асолати Истиқлолро дарк намоем!

Мардуми кишвар хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардид.

Яке аз хизматҳои фаромӯшнашвандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватани аҷдодӣ мебошад.

Санаи 1 –уми июни соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба ҳамватанони мусофир ва сарсони мо тариқи телевизион муроҷиат карда, чунин иброз намуда буданд: “….Мо ба Шумо кӯҳи тиллоӣ ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобшударо барқарор мекунем.

Тоҷикистони мо ҳамаи чизро ва ҳамаи имкониятро дорад, ки ободу серу пур бошад. Биёед, ҳамаи инро истифода мебарем, то ки ободу озод бошем. Ватан бе Шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед. Сарзамини меҳмоннавози афғон барои шумо нишемангоҳ аст, аммо замини хуни ноф рехтаи шумо инҷост…Ёд доред, ки бузургон гуфтаанд “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар”.

Ман ба шумо муроҷиат мекунам: Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон интизор аст! Шумо тоҷику тоҷикистониед, Тоҷикистон шуморо интизор аст! Ба Ватан баргардед”.

Олимов Сироҷиддин,
сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Баргузории вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Шамсидини Шоҳин

Next Post

Баргузории вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе

Next Post
Баргузории вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе

Баргузории вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.