• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Истиқлолияти давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ

Migration Service by Migration Service
20.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Истиқлолияти давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба таври куллӣ тағйир дод ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ барои кишварамон гардид.

Давраи нав, яъне замони соҳибистиқлолӣ дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятноки таърихӣ, яъне бунёди давлати навини миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишварро ба миён гузошт.

Хушбахтона, дар оғози замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва бо азму иродаи қавӣ ва дастгирии мардуми шарифамон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои мазкур баромаданд.

Ба шарофати татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Сарвари давлат ва заҳмати софдилонаи мардуми арҷманди кишварамон мо дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем.

Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, роҳбарияти давлат дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсиро амалӣ намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ шароити мусоидро фароҳам овард.

Соҳаҳои муҳимми иқтисоди кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, сохтмону нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайра рушд ёфта, дар ин самтҳо давлатамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоту ислоҳот ба амал оварда шуда, инкишофи онҳо таъмин карда шуд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу мустақил ва аъзои комилҳуқуқи СММ дар арсаи байналхалқӣ мавқеи шоистаи худро ишғол кард ва миллати мо ҳамчун миллати тамаддунсозу соҳибватан ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Аммо фаромӯш набояд кард, ки замони истиқлол ва хусусан солҳои аввали он барои давлати навбунёди мо давраи ниҳоят вазнину душвор буд. Дар Тоҷикистон, он замон дар натиҷаи амалҳои ғаразнок ва фитнаи қувваҳои бадхоҳ ҷанги таҳмилии дохилӣ сар зада, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони мо ва пароканда гардидани миллатамон ҳамчун воқеияти талху даҳшатнок таҳдид мекард.

Лекин мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати сулҳоваронаю созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида, бо саъю талоши ватандӯстонаву ҷонфидоёна истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз карда тавонист ва ин имтиҳони сахту сангини таърихро гузашт.

Мардуми мо бо роҳбарии Сарвари давлат ҳамчун миллати созанда дар як муддати кӯтоҳ на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу субботро дар кишвар барқарор сохт, балки рушду пешрафти мамлакат ва бунёди ҷомеаи солимро таъмин кард.

Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ тараққӣ мекунад ва мардум ҳаёти осудаю хушбахтона доранд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки тамоми корҳои бузургу азими созандагиро, ки то имрӯз бо роҳбарии Пешвои миллат дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлол барои мардуми мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.

Зиёда аз ин, истиқлол тантанаи хирадмандӣ ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми ободкору ватандӯсти мо, воситаи муҳимтарини ҳифзи ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Албатта ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург аст, аммо ҳифзу таҳкими он масъулияти азим дошта, заҳмату ҷонфидоиҳоро талаб менамояд.

Бешубҳа, аз асоситарин омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург, яъне соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Боиси хурсандист, ки солҳои охир ба шарофати истиқлолият худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии мардуми мо боло рафтааст. Қавӣ гардидани Артиши миллӣ ва умуман иқтидори мудофиавии давлат, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафта хизмат кардану барои ҳифзи Ватан омода будани ҷавонони кишварамон исботи гуфтаҳои болост.

Мутаассифона, дар замони муосир ҷаҳон бо хатарҳои даҳшатнок, аз ҷумла паҳншавии коронавирус ва зуҳуроти номатлуби экстремизму терроризм дучор гардидааст.

Мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархурди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ором аз байн рафтааст.

Дар чунин шароит ҳифзи истиқлолият ва оромию субботи кишвар масъулияту заҳмати бештарро талаб мекунад.

Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистони азизи мо аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва бо дарназардошти вазъи минтақа дар чорсӯйи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Вобаста ба таҳдидҳо ва вазъи ноорому хатарзои ҷаҳони муосир ва бо мақсади таъмин намудани амнияту тараққии кишварамон, имрӯз вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди ҷомеаи мо ҳифзи истиқлоли давлатӣ, субботу оромии комили ҷомеа ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишварамон аст.

Имрӯз барои ҳалли ин вазифаҳо зарур аст, ки ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат бо воситаи меҳнату заҳмати софдилонаи худ фаъолона ширкат намоянд.

Бояд ҳар як сокини Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро ба таври дурусту амиқ дарк намояд ва аз ин имконият, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, яъне соҳибистиқлолӣ пурсамар истифода барад.

Фаромуш набояд кард, ки мо танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани озоду соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафтаи мутамаддин метавонем дар ҷаҳони муосир мақоми арзанда дошта бошем ва ҳамчун миллат соҳибэҳтиром бошем.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Терроризм вабои аср

Next Post

Чорабинии иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Қубодиён

Next Post
Чорабинии иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Қубодиён

Чорабинии иттилоотӣ - фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Қубодиён

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.