«Мову Шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳилаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем».
Эмомалӣ РАҲМОН
Имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳарӯзаи мо мебошад.
Даврони истиқлолият барои мо имкони васеъ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Воқеан, истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, бо азму талошҳои фидокорона расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси роҳбари кордону дурандеш интихоб кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.
Пешвои маҳбуби миллат пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардуми тоҷик зиндагии шоиста дошта бошад.
Садоқатмандиву шуҷоатнокии Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Пешвои муаззами миллати тоҷик буд, ки ҷони худро зери хатар гузошта, ин вазифаи масъулиятноки давлатиро аз номи миллати тоҷик ба пуррагӣ иҷро намуданд ва барои ин миллат сулҳи пойдору бебозгаштро эҳдо карданд.
Ин амали ҷавонмардонаву хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳанд кард.
Мусалам аст, ки дар таърихи башарият миллатҳои гуногуне вуҷуд доранд, аммо онҳо давлат ва роҳбаре мунису ғамхор чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон надоранд. Барои расидан ба як рӯзи нек ва соҳиб шудан ба истиқлолият миллатҳои гуногун имтиҳонҳои сангинеро паси сар кардаанд.
Зеро ба даст овардани он сарсупурдагиву матонат ва ҷавонмардиву фидокориро талаб менамояд.
Аз ин рӯ, бо ифтихор гуфта метавонем, ки ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо ҷашни аз нав эҳёгардидани давлати мо, балки тавлиди комилҳуқуқии ҳар як фарди тоҷикистонӣ аст.
Вақте мо аз қуллаи 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон ба қафо, ба роҳи тайшуда менигарем, аввалин манзарае, ки пеши назарамон ҷилвагар мешавад, манзараи ҳамон Иҷлосияи ҳассостарин ва хотирмону тақдирсоз, ҳамон лаҳзаҳое, ки Пешвои ҷавон, далеру боҷуръати мо Эмомалӣ Раҳмон бо камоли бовар ба худ ба арсаи эҳёи меҳан по мениҳад, он лаҳза, ки бо садоқату муҳаббати баланд парчами навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба чашм мемоладу мебӯсад.
Чӣ қадар пурэҳсосу пурҳаяҷон буд, он лаҳзаҳо!
Дар он соатҳои тақдирсоз ҳар сухане, ки аз забони ӯ садо медод, чун савганд қабул мешуд.
Дар он суханҳо ормон, орзу, нанг, номус, шаъну шарафи ватандорӣ, муҳаббату садоқат ба Ватан, масъулияти баланд барои тақдири халқу ватан изҳор шуда буданд.
Хушбахтии миллати мо дар он аст, ки дар баҳои ҳамаи пирӯзиву нокомиву нокомгориҳое, ки қисмат ба ӯ раво дидааст, оқибат ба ин пирӯзии таърихӣ, ба истиқлол тавонист бирасад.
Аммо хушбахтии бештар дар он аст, ки Худованд ва тақдир барои нигоҳ доштани ин истиқлолият, раҳнамоӣ ва дифоъ аз он, Пешвое дод, ки бе сарвариву раҳнамоии ӯ соҳибӣ кардани истиқлолияти миллат имкон надошт.
Ба таври хоса бояд таъкид намуд, ки аз даврони Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ то кунун таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бениҳоят бузурги созандагӣ амалӣ гардида истодааст, ки мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас баланд мебардорад.
Аз рӯи адолат бояд гуфт, ки тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият бо ному пайкори хастанопазир ва ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат робитаи қавӣ дорад.
Бидуни муболиға муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон меъмор ва бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳисобид.
Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари кишварамон роҳи моро ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ интихоб карда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намудаанд.
Аз ин рӯ, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки бо роҳнамоии Пешвои хирадманду беҳамто ибтидои қарни ХХI ва ҳазорсолаи сеюм барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ кушода истодааст.
Аз ин лиҳоз, бо таманниёти зиёд чунин гуфтаниям:
- Бигзор Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки атои Худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад пурҷилову муҳташам ва пойдору бегазанд бошад ва ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда, армонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагии Сарвари одилу хирадманд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд».
Мо ҷавонони замони истиқлол аз масъулияти баланди ватанпарварии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунем ва ҳамеша бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои маҳбуби миллат пайравӣ намуда, ба Ҷаноби Олӣ содиқ мебошем ва баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва афзун гардонидани дастовардҳои он садоқатмандона хизмат мекунем.
Имрӯз ҳар як хонадони миллати тоҷик бо қатъияти том иброз медорад, ки бо Пешвои муаззами миллат ба пешрафт ва шукуфоӣ хоҳад расид, зеро роҳи интихобкардаи ин миллат, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро бароямон муайян намудаанд, роҳи расидан ба саодати комили миллист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд намуда буданд, ки «Бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо ба дастовардҳои аз имрӯза бузургу таърихӣ қодиранд, зеро мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем».
Хулоса ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи ватанамон ҳарчӣ бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Бори дигар бо истифода аз фурсат дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанони азиз самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, хушбахтӣ, некӯаҳволии оилавӣ ва дар фаъолияташон комёбиҳои навин орзумандем.
Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб