• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

ИСТИҚЛОЛ – ОРМОНИ ҲАЗОРСОЛАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Migration Service by Migration Service
04.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
ИСТИҚЛОЛ – ОРМОНИ ҲАЗОРСОЛАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар таърихи башарият қавму миллатҳое ҳастанд, ки садсолаҳо инҷониб дар орзуи ба даст овардани истиқлоли комил насл ба насл умри худро қурбони муборизаҳо карда истодаанд.

Барои Тоҷикистон ва дар маҷмуъ дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низ истиқлолу озодӣ ҳадяи бебаҳои таърихӣ буд, ки бо барҳам хурдани ин иттиҳод ба муроди хеш расиданд.

Ҷумҳуриҳо шукри истиқлол намуда, бо ҷаҳду талоши зиёд баҳри ободии ватани хеш камари ҳиммат бастанд. Мутаассифона, дар Тоҷикистони азизи мо кор шакли дигар гирифт. Боди тунди маҳалгароию худкома ва гурӯҳҳои ҷоҳталаб бо дастгирию пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш кишвари моро ба гирдоби моҷароҳои нангину сангин кашиданд. Тоҷикистон дар оғози роҳ ба сӯи мустақилӣ ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ мувоҷеҳ гашт. Фазои суботу ороми мамлакатро садои гӯшхароши тиру туфанг фаро гирифт. Бародарони ҳамхун бар зидди якдигар шуданд. Тоҷикистони дар ҷодаи Истиқлол навраҳу навқадам ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Ҳастию нестӣ ва ояндаи Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақили миллӣ таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифт, ки пайомадҳои нохуши он дер боз эҳсос мешуд. Сангинтарин хисороти ҷанги шаҳрвандӣ талафоти ҷонӣ буд, ки мутаассифона ҷуброннопазир аст. Зарари моддии аз ҷанг расида бошад, қариб ба 10 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда буд.

Хушбахтона, ҳамаи ин нокомиҳо паси сар шуда, имрӯз ҳамчун саҳифаи тирае аз таърихи начандон дури миллат ёд мешавад. Ба ёд овардани он рӯзҳо ба хотири он аст, ки ҳар кадоми мо, хоса насли ҷавону наврас, дарк намояд, ки Истиқлоли мо муфт ба даст наомадааст.

Ин ормони ҳазорсолаи миллати мо буд, ки бояд барои гиромидошту ҳифзи он ба ҷон бикӯшем. Дар ҳамаи давру замон фарзандони фарзона ва хештаншиносу огоҳи миллат баҳри ҳифзи Ватан ҷон ба каф гирифтанд. Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт.

Дар ҳамин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олӣ интихоб гардида, барои сарҷамъию муттаҳидии мардуми тоҷик тамоми қувваю матонати хешро сафарбар сохта, баҳри ҳастии миллат ҷонбозиҳо намуд. Он айём на ҳар кас ҷуръати ба даст гирифтани вазифаеро дошт. Идораи давлатӣ дар ҳоли парокандагӣ ва қисмати норӯшан дошт. Эмомалӣ Раҳмон алораѓми ҳамаи нотавонбинҳо, ки ба ояндаи давлати тозаистиқлоли мо хушбин набуданд, ҷасурона зимоми идораи давлатро ба уҳда гирифт.

Аввалсуханаш дар ростои давлатдорӣ аз сулҳ буд. Ӯ тавонист кишвари дар вартаи нокомиҳо қарордоштаи моро ба соҳили мурод расонад. Роҳи мо ба сӯи сулҳу субот тахту ҳамвор набуд. Ин ҷо хиради азалии миллати тоҷик бар ҷаҳл ғолиб омада, дасти ҳам гирифтани мардум боиси наҷоти миллат ва бақои давлати тоҷикон гардид. Ҳамин тариқ, бо имзои санади муҳиму тақдирсоз – «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» марҳалаи нави таърихӣ дар самти давлатдории мустақили тоҷикон шуруъ гардид ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори ваҳдату истиқлоли миллӣ корномаи беҳамто намуда, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ наҷот дод.

Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар арсаи байналхалқӣ низ мавқеи сазовор пайдо намуд. Ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо шуруъ гардид. Таҳия, қабул ва татбиқи барномаҳои мукаммал дар ҳамаи самтҳо ба пешрафти хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намуд.

Вақте ки мо дар мавриди истиқлолият ҳарф мезанем, бояд фаромӯш накунем, ки дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои фарошуравӣ солҳои аввали истиқлолият бештар бо ором намудани авзои сиёсӣ ва ба ҳам овардани гурӯҳҳои даргир паси сар шуданд. Ин ҳолат то андозае ба раванди рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар халал ворид намуд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳангоми арзёбӣ намудани дастовардҳои даврони истиқлол холисона баҳо дода, монеаҳои ин давраи тақдирсозро, ки пешрафту тараққиёти ҷомеаро маҳдуд менамуданд, сарфи назар насозем. Баъд аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ҷомеаи мо ба марҳалаи нави рушди худ қадам гузошт, ки он бо номи давраи созандагию бунёдкорӣ ёд мешавад. Яъне, Тоҷикистон марҳалаи ҳассосу сарнавиштсозро паси сар намуда, ба ҷодаи устувори рушду созандагӣ ворид гардид.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем кишварамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшем.

Дар ин давра барои аз буҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёфтан барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати иқтисодӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифта, натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ дар ин давра Тоҷикистон воқеан ҳам чун давлати соҳибистиқлол ва дунявию демократӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва обрую эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ устувор намуд.

Муҳимтар аз ҳама, мо тавонистем, арзишҳои миллию фарҳангии хешро, ки дар замони Шуравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доштанд, аз нав эҳё намоем.

Бо талошу кӯшишҳои Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён чун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ созем.

Истиқлолият вожаи муқаддас аст, ки миллати мо аз баракати он тавонист суннатҳои деринаи хешро эҳё намояд ва ривоҷ диҳад. Мо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ин санаи муборак ва муқаддас дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст, ки ҳеҷ гоҳ зидуда намегардад.

Тоҷикистон имрӯз ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил ёфтааст. Тоҷику тоҷикистонӣ дар ошёни меҳри хеш зиндагии осоиштаву ором доранд. Пас, моро мебояд на танҳо имрӯз, балки ҳар рӯз аз истиқлол ҳарф занем ва онро якҷо бо аллаи модар дар гӯши тифлаконамон замзама намоем то тифлакони мо аз гаҳвора бо ҳамин эҳсос тарбия ёбанд. Агар мо заррае ифтихори миллӣ дорем, бояд ин ҷашни муқаддасро бо қалби пур аз меҳр ва дили саршор аз фараҳ, тавре истиқбол намоем, ки на танҳо манзили мо, хиёбону гулгаштҳои шаҳрамон, балки кӯю барзани диёр аз вуруди нури мубораки он шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намоянд.

Иматшо НОДИРЗОДА,

сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

Интиқоли “Ҳазориспанд” ба Федератсияи Россия манъ аст

Next Post

Вохӯрии саривақтӣ бо сокинону корҷӯён дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

Next Post
Вохӯрии саривақтӣ бо сокинону корҷӯён дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

Вохӯрии саривақтӣ бо сокинону корҷӯён дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.