Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Истиқлолияти мардуми тоҷик решаи қадимаву устувори маънавӣ дошта – ибтидои давлатдории мо ба аҳди Каёниён рафта мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Дар тули ин 34 – соли Истиқлоли комили давлатӣ заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлолияти воқеи сиёсӣ шуд ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардид.
Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Рамзҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ – Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Пули миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Бо гузашти чанд соли дигар зарурати тағйир додани сохтори мақоми олии қонунбарор пеш омад. Ва боз ҳам ба майлу иродаи халқ аввалин маротиба дар таърихи навини кишварамон Парламенти нави касбӣ, ки иборат аз ду палата мебошад таъсис дода шуд. Бузургтарин дастоварди мо дар даврони истиқлолият, бешубҳа барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дастоварди бузурги таърихӣ сохтмони Неругоҳӣ барқии обии “Роғун” ба шумор меравад, ки 16-уми ноябри соли 2018 агрегати якуми он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин сохтмони бузурги аср воқеан ҳам аз ормонҳои миллии тоҷик ба ҳисоб рафта бо ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои ҳамаҷонибаи халқи тоҷик ин орзӯи чандинсола амалӣ гашт.
Дар мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо кард. Садҳо корхонаву муассисаҳои нав ба кор шуруъ намуда, аксар бино ва иншооти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот амният соҳаи маорифу тандурурстӣ, фарҳанг ва варзиш бунёду азнавсозӣ гардиданд. Дар кишвар садҳо майдонҳои варзишии хурду бузург, боғу гулгаштҳо бунёд гардиданд, ки ҳамаи ин аз самараи истиқлоли давлатӣ маншаъ гирифтаанд.Тоҷикистон имрӯз ба давлати ободу пешрафта табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба он аз ҳарвақта дида бештар гардидааст.
Истиқлолият давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хело боло бурд. Ин раванди таърихӣ дар ҳаётӣ сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори ҳукумати мамлакат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, неруҳои солиму пешбарандаро бо таҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.
Ғайбуллоев Баҳрулло,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ