Истиқлоли давлатӣ барои худшиносии миллӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун марҳилаи сарнавиштсоз ва эҳёи давлату миллати куҳнабунёди тоҷикон эътироф гардидааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик медонад. “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.
“Дар дифои фарҳангу ҳуввият, худшиносӣ ва тафаккури миллии хеш мо танҳоем. Моро дар ин ҷабҳа ба ҷуз худамон ҳеҷ нерӯи дигаре дифоъ карда наметавонад. Аз ин боис яке аз самтҳои афзалиятноку стратегӣ – масоили худшиносист”. Миллати мо имрӯз амиқ эҳсос кард, ки бунёдгузору меҳансоз, тақдирсози миллати тоҷик, созандаи ҷомеаи навин, на аз берун буда, балки худи ӯ мебошад. Ба манзури дарки аришҳои истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ Президенти кишвар ба масъалаҳои муҳим рӯ овард. Яке аз ин масъалаҳои бунёдӣ ташаккули шуури худшиносии миллӣ ва бохабар будан аз арзишҳои гузашта ва боло бурдани сатҳи худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Яке аз роҳҳои аввалиндараҷаи худшиносии миллӣ ин ру овардан ба илму маърифат аст. Ба ин манзур нақши маорифи кишвар хеле муҳим арзёбӣ шудааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд намудааст: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. “Инкишофи фарҳанги миллӣ қабл аз ҳама ба мактабу маориф, ба таълиму тарбияи насли наврас вобастагии қавӣ дорад. Агар ҳадафи мо воқеан ҳам бунёд кардани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд дастаҷамъӣ рӯй ба мактабу маориф оварем.”
Мо бояд қабл аз ҳама сутунҳои рушди ҷомеаи худро бар пояи ақлу хирад бунёдгузорӣ кунем. Фанҳое, ки дар тафаккури шуури эҷодии миллат саҳм мегиранд, дар мактабҳои миёна ва олӣ ба таври шоиста таълим диҳем. “Барои ин замон насли ҷавоне бо тафаккури обутобёфта, рақобатпазир, мустақил, эҷодкор ва мусаллаҳ бо навтарин технологияи иртиботӣ, вале аз арзишҳову манфиатҳои миллӣ огоҳ зарур аст”. Саҳми маориф дар ташаккули худшиносии миллӣ ва захираҳои инсонӣ махсусан, нерӯи ақлонии ҷавонон бунёдист. “Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, – таъкид менамояд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангияшро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад”. “…танҳо худшиносии фарҳангию таърихӣ миллатро муттаҳид ва соҳибдавлат намуда, вайро ба мудрик (субъект)-и фаъоли раванди таърихӣ табдил медиҳад”.
Пойдории густариши ваҳдати миллӣ бори дигар исбот кард, ки тоҷикон ворисону меросбари ориёни асил буда, соҳиби тамаддуни оламшумул мебошанд. Истиқлолият шароит фароҳам овардааст, ки худдшиносӣ маъно ва мақоми фарҳангии худро ба дараҷаи баланд эҳё гардонад. Президети кишвар қайд мекунад, ки “Яке аз сарчашмаҳои воқеии худшиносии миллӣ қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуни мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад…” Омӯзиши арзишҳои маънавии ниёгон заминаи хубе барои ташаккули ғояи миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллат замина ба вуҷуд меорад. “Дар мероси гузаштагонамон мо бояд оташеро ҷуё бошем, ки барои афрухтани тафаккури наву пешқадами миллат саҳм гирад, нерубахш бошад”. Мероси гузашта бояд сарчашмаи сабақу илҳоми мо бошад, сарчашмаи ғояҳои баланди инсонгароӣ, худогоҳӣ, созандагӣ, сарчашмаи илҳому касбияти хеле олӣ, сарчашмаи ифтихор ва омӯзиши шахсиятҳои хеле барҷаста, ки ҳар кадом дар кайҳони фарҳанги башарӣ ҷое доранду мақоме. Гузаштаи фарҳангии мо барои сохтани тақдири кишвари соҳибистиқлол ва истиқлолияти фардии ҳар кадоми мо бояд саҳм бигирад. Мову шумо бояд тавоноие дошта бошем, ки арзишу сунатҳои бои гузаштаро бо талаботи замони нав бо тамоили арзишҳои башарӣ қиёсу мутобиқ карда тавонем. Вагарна маҳдуд мемонем.
Омӯзишу таҳқиқи ҳикмати ориёӣ акнун дар давраи Истиқлолият оғоз меёбад. Мақсад шинохти фарҳанги миллӣ дар заминаи асливу азалии он аст, яъне аслу асолати худшиносист ва ба ин тариқ шинохтану қадр кардани тамаддуни умумибашарист. Мақсад огоҳона қадам задан ба тамаддуни асиласт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки “Миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳуввияти миллиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор мегардад”. Шоҳасари безаволи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайра барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хизмати арзанда карда ва ин мардони бузург ба оламиён исбот намуданд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд.
Самти дигари худшиносии миллӣ эҳёи анъанҳо, идҳои миллӣ мебошад. “Сатҳи худшиносии миллӣ дар давраи шӯравӣ то андозае ташаккул ёфта бошад ҳам, вале мутаассифона, анъанаҳову суннатҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра аз сатҳи давлатӣ дур шуда буданд”. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаю ҷашну идҳои миллӣ (аз қабили идҳои Наврӯз, Тиргон, Сада, Меҳргон) эҳё гардиданд.
Имрӯз мо бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, тафаккури нави фарҳангӣ ба сӯи пеш қадам мегузорем. Мо вазифадорем, ки Истиқлолияту худшиносии миллии худро ҳамчун дастоварди пурарзиш ва неъмати бебаҳо бипазирем ва онро аз тамоми арзишҳои дигар муқаддамтар бидонем.
Ятимова Муқадамбону,
Мутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе