Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сӣ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ва фаромӯшнашаванда маҳсуб мешавад.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Маълум аст, ки бо сабабҳои гуногун истиқлолияти миллии мо дар шароити тезутунди муборизаҳои сиёсӣ шакл гирифта, вазъи ноороми сиёсӣ рушди кишвари моро нисбат ба дигар ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ба солҳо қафо гузошт. Хушбахтона, ақлу заковати халқи бофарҳанг ва кӯшишҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки миллати мо сари вақт аз ҳодисаҳои бавуқуъ пайваста хулоса бароранд ва роҳи осоиштаи инкишофи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли хешро интихоб намояд. Дар давраи аввал мардуми Тоҷикистон тавонистанд зери сарварии роҳбари оқил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити душвори сиёсиву иқтисодӣ ба бунёди давлати нав истиқлол заминаи мустаҳкам гузоранд ва дар ҷомеа сулҳу оромиро таъмин намоянд. Маҳз он қонуну қарорҳое, ки пас аз Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии ҷумҳурии Тољикистон то имзои Созишномаи истиќрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон қабул гардиданд ва бори аввал аз тарафи шаҳрвандони кишвар қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкон доданд, ки давлати тозаистиқлоли мо таҳкурсии давлати хешро мустаҳкам намояд.
Сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ дар љомеа имкон фароҳам оварданд, ки дар Тоҷикистон раванди гузариш ба бозори иқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва барномањои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин соња пурра амалӣ шаванд. Имрӯз мо шоҳиди онем, ки дар мамлакат шоҳроҳҳо пурра таъмир гашта љавобгӯи стандартњои байналмилалӣ шудаанд, нақбҳои калон бунёд ёфтанд, ки барои муомилоти иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни навоҳии кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд. Сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калон, бунёди корхонаҳои нави замонавӣ, ривоҷи соҳаи кишоварзӣ ҳама натиҷаи сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд. Дар замони истиқлолият фарҳанги Тоҷикистон симои нав ба бар кард. Ҳукумати кишвар барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон иқдомҳои наҷибро амалӣ намуд. Ҳамасола иншооти нави фарҳангӣ, мактабу боғчаҳои бачагона, марказҳои варзишӣ ба истифода дода мешаванд, ки ин ҳама бозгу аз истиқлоли миллӣ мебошад. Пас мову шуморо месазад дастовардҳои даврои соҳибистиқлолии мамлакатамонро нодида нагирифта барои ҳифзу ҳимояи ин дастовардҳои истиқлоли давлатиамон талош ба харҷ намоем ва барои пешрафти ҷомеа саҳми муносиби худро гузорем.
Аз ин рӯ, бояд шукргузор аз он бошем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро дорем ва он шабеҳи биҳишт аст. Инчунин, мо ҷавононро зарур аст, ки пайрави Пешвои худ бошем, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои худро дастгирӣ намоем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя ҳар як ҳаракати номатлубро пешгирӣ карда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
Самадзода Фаррух,
Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти мухоҷират дар вилояти Суғд