Воқеан ҳам, ин санаи таърихӣ дар таърихи навини давлатдории мо як нақши гарону босазои худро дорад, зеро маҳз 34 сол муқаддам, яъне 9 сетябри соли 1991 Тоҷикистони мо Истиқлолияти моро ба даст овард. Маҳз ана ҳамон лаҳза муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Аз ҳамон вақт сар карда то имрӯз ин санаи муборак барои ҳар як тоҷикистонӣ иди муқаддас ба шумор меравад.
Истиқлолият худ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Маҳз Истиқлоли давлатӣ аст, ки ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам оварда шуд, то ки дониш, қобилият, малака ва маҳорати худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанду ҳамеша ба суи ояндаи дурахшон устуворона қадам зананд. То имрӯз дар муддати 34 – соли Истиқлоли давлатӣ кишвари мо дар тамоми самтҳо, аз ҷумла илму маориф, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ғайра ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Яке аз дастовардҳои беназире, ки Истиқлолият ба мо дод, ин марбут ба соҳаи тандурустист. Бо заҳмату таллошҳои Ҳукумати мамлакат имрӯз дар Ватани маҳбуби мо ба соҳаи тиб ва дорусозӣ диққати махсус зоҳир мегардад, ҳамасола даҳҳо иншоотҳои марбут ба соҳаи тиб ифтитоҳ мегарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тибро ҳамчун соҳаи афзалиятнок таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додаанд. Зеро беҳуда намегуянд, ки “Саломатии миллат – бойгарии давлат аст!”.
Ҳамаи сокинони Тоҷикистони маҳбубу азизи мо имрӯз ифтихор аз он дорад, ки 34 – сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Пас аз як соли Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки минбаъд тамоми пешрафту тараққиёти мамлакат бо номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба дорад. Худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ҳамчун сарвари давлат моҳи ноябри соли 1992 дар ҷараёни Иҷлосияи таърихии парлумони мамлакат изҳор карда будам, ки созгори миллӣ, роҳи ягонаи тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аст ва танҳо сулҳ ғояи умумимилӣ мегардад, ки халқи моро муттаҳид сохта тавонад».
Бо ташаббуси Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки онҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”.
Маҳз, аз 34 – соли Истиқлолият аст, ки миллати мо гул гул мешукуфад, маҳз 34 – соли соҳибихтиёрӣ аст, ки мо дар асоси ҷаҳон миллати худро муаррифӣ кардаем, маҳз аз баҳори Истиқлолият аст, ки ҳама қишри ҷомеа Тоҷикистон шукуфон асту, рӯз аз рӯз зебо мешавад. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои ҷамъи ҷаҳон мебошад. Истиқлолияти мо, он вақт ҷонноктар мешавад, ки Сулҳу Ваҳдат пойдор бошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
Ахмедҷонова В,
Мутахасси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд