Истиқлолият – маҳзари ормонҳои таърихии миллати тоҷик

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 расман рузи Истиклолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас мебошад. Дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард. Точикистони соҳибистиқлоли моро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшид. Сарвари давлати точикон пайваста кӯшишу ғайрати худро ба харҷ медихад, ки мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба Истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллиро меандешиданд. Сарвари давлат пайваста талош мекарданд то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад.

Бо талошу заҳмат ҷонфидову ҷоннисории Пешвои миллат 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (Москва, 27-уми июни соли 1997) ба имзо расид, ки имрӯз барои халқи тоҷик ва тоҷикистониён рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «сулҳи тоҷикон»- ро меомӯзад ва барои насли имрӯз намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мегардад.

Аз соли 1997 бо шарофати сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ бозгашти мташаккилонаи гурезаҳои тоҷик ва ҷобаҷогузории онҳо шурӯъ гардид. Бояд қайд намуд, ки аз соли 1993 то авали соли 2000-ум 946 ҳазор нафар шаҳрвандон ба Тоҷикистон и азизамон баргардонида шуданд. Хадамоти муҳоҷират сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ татбиқ карда, дар доираи салоҳияти худ раванди муҳоҷиратро таҳлилу баррасӣ менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ оид ба масалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати аввалиндараҷа дода, расондани кумак ба оилаҳои эҳтиёҷманд, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, куҳансолони яккаву танҳоро шарти асосӣ шумориданд.

Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Сарвари давлат баҳри пешрафти иқтисодиёт ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтани роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ мондаанд. Душвортарин муаммои мо масъалаи Истиқлолияти энергетикӣ буд дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафҳои стратегии Хукумати мамлакат мебошанд, ки бо сохтани неругоҳҳои хурду калони барқи-обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳову пулҳои байнамиллалии мошингард ва даҳҳо иншоотҳои инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва бунёди НБО «Роғун» дар давраи Истиқлолияти давлатӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд, ки сарбанди неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт/соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин нишондод нисбат иқтидориистеҳсолии неругоҳир Норак якуним баробар зиёд мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш зиёд гардид. Ҷавонони кишвар дар ҳама гуна самтҳои афзалиятноки ҷомеа саҳми назаррас гузошта, баҳри пешравӣ, ободӣ ва зиндагии шоистаи мардум кӯшишу ғайрат мекунанд.

Маҳз бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷавонон дар соҳаи варзиш рушд карда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, байраки Тоҷикистонро дар миёни дигар кишварҳои олам баланд бардошта нуфузи этибори давлатро миёни кишарҳои олам муаррифӣ намуданд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми шаҳру ноҳияҳо баҳри ҷалби наврасону ҷавонон нисбат ба варзиш ва солимии ҷомеа аз тарафи соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша майдончаҳои варзишӣ сохта ва ба истифода дода шуд.

Дар соҳаи маориф ва илм бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкил кардани ҳар гуна озмунҳо барои сайқал додани донишу малака ва огоҳӣ ёфтан аз таърихи гузаштаи миллат ба ҷавонон имкониятҳои фаррох дода шуд. Аз он ҷумла, ташкил кардани озмуни Ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷавонону наврасонро шавқи бештар барои хондани китоб, маҳорати баланди суханварӣ, эҷодкориашонро бедор намуд.

Дар соҳаи тандурустӣ, табиатшиносӣ ва риёзӣ нақши ҷавонон назаррас мебошад. Ин аст, ки моҳи январи соли равон дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 ҳамчун солҳои фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ қабул гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тиб рушд карда, ҳамасола дар ин соҳа мутахассисони ҷавон зиёд мешаванд.Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо аз худ кардани техника ва технологияи нави муосир дар соҳаи тиб дар кишвар зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ мебошад, ки бо бунёди нави муассисаҳои тиббӣ-инноватсионӣ ва таъмини технологияи нави муосир зиёд гардидааст.

Бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби фонди захиравии Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи кишвар барои аз худ кардани таърихи гузаштаи халқи тоҷик туҳфа гардид.

Бо мақсади таҷлили ҷашни бузурги миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикистон корҳои ободонию созандагӣ дар ҳама гушаву канори Ҷумҳурӣ аз ҷумла сохтмони иншооти азими маъмурию хизматрасонӣ бомаром идома ёфта, барои гулгуншукуфоии кишвари азизамон саҳми арзанда мебошад. Дар таҷлили ҷашни бузурги миллӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатманд, барои пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ корхонаҳои саноатӣ, биноҳои маъмурӣ, марказҳои саломатӣ муассисаҳои таълимӣ, меҳмонхонаҳои наву замонавӣ ва садҳо иншоотҳо барои пешрафти зиндагии шоистаи мардум сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Воқеан бо ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи назаррас дошта, беш аз 150 давлати дунё ҳамчун халқи ватандӯст ва меҳанпарвар мешиносанд, қадр мекунанд. Мо ҷавонон аз он ифтихор дорем ва шукрона аз Яздони пок мекунем, ки ба мо чунин як Пешвои ғамхор ато намудааст.

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,
Намозамро ба даргоҳаш гузорам.
Бихонам ояти шукрона аз пеш,
Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.

Бегмуродов Умаралӣ
сардори шуъбаи Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Ҷайҳун

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо