“Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар масири ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад. Истиқлол волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад.
“Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлол чун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳасти намуд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлол барои ҳар як давлат ва миллат неъмати бебаҳост. Ин озодӣ ва истиқлол дар интихоби роҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимои ба ҳисоб меравад. Дар баробари ба даст овардани соҳибихтиёрӣ мушкилот ва фишорҳои зиёде низ пеш омаданд, ки ба иқтисодиёт, субот ва ваҳдати миллӣ зарбаи сахт расонд. Аммо маҳз иродаи халқ ва роҳбари хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу субот барқарор гардид ва Тоҷикистони ҷавон роҳи рушду устуворо пеш гирифт.
Дар замони соҳибистиқлол симои кишвари азизамон ба кулли дигаргун гардид: сохтмони роҳу пулҳои замонавии мошингард дар ҳамаи минтақаҳои кишвар, сохта ба истифода додани мактабҳои типи нав бо тамоми ҷиҳозҳои хониш, муассисаҳои томактабӣ, марказҳои фарҳангиву варзишӣ ва инфрасохтори муосири шаҳрсози бунёд шуданд. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои ватани азизамон пойдевори бузурге мебошад, ки барои дастовардҳои имрӯзи миллати тоҷик ва ояндаи дурахшони он бо ҳарфҳои заррин навишта гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва хираду тасмими созанда чун аҷдоди қавииродаи хеш бори дигар исбот намуда нишон доданд, ки мо ба ину он кор надорем, роҳи мо якест – ватансозӣ ва ватандорӣ.
Ҷон фидо дар роҳи паймон кардааст,
Сад биёбонро гулистон кардааст.
Сарзамини пора-пора гаштаро,
Ҷамъ карда Тоҷикистон кардааст.
“Истиқлолият” мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калиде мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон дар 34-соли арзимандӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босуботи кишвар таъмин гардида сатҳи некӯаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизи мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забону таърих ва саргузашти миллат, асоситарин воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик барои дарки ҳувияти ӯ дар тули асрҳо ба шумор меравад.
Ватан, эй қиблаи покам туро табрик, Истиқлол.
Ватан, эй ҳастии покам туро табрик Истиқлол.
Чу модар соябони мо шукуҳу шуҳрате дорӣ,
Ватан эй модари покам туро табрик Истиқлол.
Ғайбуллоев Б,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ