Тавре аз саҳифаҳои таърихи пурғановати миллатамон огоҳ ҳастем, халқи тоҷик дар тӯли солҳои зиёд баҳри ба даст овардани Истиқлоли давлатии комили худ чӣ қадар ҷонбозиву азму талошҳо намуда, бо мақсади расидан ба давлатдории мустақили навини хеш басо ҷоннисориҳо намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғози рӯзҳои эълон шудани худ ба ҳайси давлати мустақил дар раванди барқарорсозӣ ва ҳамзамон ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, оромии ҷомеа ва ба эътидол овардани вазъи муташанниҷи дар кишвар рух дода бо як қатор мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.
Дар ин хусус аз гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иқтибос меорем, ки барҳақ чунин зикр кардаанд: “Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад”.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки соҳиби давлати мустақил будан, пеш аз ҳама, барои ҳар як инсони рӯйи олам бахти бузург маҳсуб меёбад. Ин падида ба хусус дар замони ҷаҳонишавӣ нақши муҳимеро мебозад. Истиқлол арзиши нодирест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, обрӯю эътибор, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои давлатро ба таври пурра таъмин менамояд.
Лозим ба зикр аст, ки миллати соҳибистиқлоли мо аз он ифтихор дорад, ки тӯли зиёда аз се даҳсолаи охир соҳиби давлати мустақили худ гардида, ба Истиқлоли комили сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии худ шарафёб гардид. Истиқлоли сиёсӣ аз истиқлоли миллӣ, марзӣ, фарҳангӣ ва забонӣ иборат буда, дар маҷмӯъ он аслан гирем Истиқлоли давлатиро ифода менамояд. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад.
Аз ин рӯ, Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ, мазҳари ормонҳои таърихӣ, ҷавҳари ҳуввияти миллӣ, саргаҳи Ватану ватандорӣ ва пояи устувори давлату давлатдорӣ мебошад. Зеро муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат истиқлол аст. Бе истиқлоли комили сиёсию иқтисодӣ миллат дастнигару тобеъ буда, маҳрум аз комёбиҳову эътирофу шаъну шараф мемонад. Бинобар ин, инсоният дар раванди зиндагии худ пайваста ҷаҳду талош менамояд, ки дар ин ҷода бамуваффақиятҳои назаррасе ноил гардаду аз шаҳди шаккарини он ком ширин намояд. Ва барои ин гуна комёбиҳо ҳамеша талошу мубориза мебарад.
Муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат Истиқлол аст. Тавре, ки Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром мебошад. Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин Истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад”.
Тавре хуб медонем, Ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯзҳо таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба Истиқлоли комил пеш аз ҳама ҳалли чаҳор масоили зеринро ҳадафи асосии худ қарор додааст, ки инҳо таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инчунин таъмини саноатикунонии босуръати мамлакат мебошанд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки маҳз натоиҷи ҳамингуна саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллатамон буд, ки зиёда аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ба Ватани аҷдодии худ баргашта, марҳала ба марҳала бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи обод намудани манзили аҷдодии хеш шуданд. Ин гуна иқдоми наҷибу формулаи сулҳовариву сулҳофарии Президенти мамлакатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври объективона аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бесобиқа ва нодир арзёбӣ гардида, боз як бори дигар тоҷиконро чун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ намуда, мақому манзалати кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам болову баланд бардошт, ки имрӯз ин падидаи нодири таърихӣ боиси ифтихори ҳамаи мову шумост.
Сарбаландона, метавон гуфт, ки ба шарофати ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки асолату ҳувият, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату анъаноти неки ниёгон, давлати соҳибихтиёру озод ва рӯзгори босаодати наслҳои имрӯзу фардоро аз сари нав эҳё намоему ҷашни таърихиву тиллоии 35- солагии дар пеш истодаи онро дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ ва тараннуми Сулҳу Ваҳдату Истиқлоли миллӣ таҷлил намоем.
Сафаров Абдулфайз,
Мутахассиси пешбаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб