Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо ҳамчун рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст.
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз, нисбати ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо, ҳамчун ба пояи асоси ояндасози миллат, аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин, баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак амал мекунад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Ғамхориҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст.
Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи фарзандонро аз рисолати наҷиби падару модар ва вазифаи муқаддаси ҷомеа ҳисобида, таъкид медоранд, кӣ: «Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия кунем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳона саъю талош варзанд».
Аз ин рӯ, кӯдакону наврасонро мебояд, ки дар баробари ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат ҳарчӣ бештар ба илму дониш рӯ оварда, ворисони сазовори ин миллату давлат бошанд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «Ҳамаи шумо медонед, мо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро таҷлил менамоем. Истиқлолият сарчашмаи хушбахтиву хушрӯзӣ ва сарбаландиву ифтихори тамоми мардуми кишварамон аст. Вазифаи шумо-кӯдакону наврасони азиз ҳамчун насли хушбахти даврони истиқлолият ва ворисони сазовори миллату давлат дар навбати аввал аз худ кардани илмҳои замонавӣ ва технологияҳои муосир, хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, эҳтироми калонсолон, хусусан падару модарон иборат мебошад».
Ҳамзамон, падару модаронро зарур аст, ки баҳри таълиму тарбияи фарзандон масъулияти худро дуруст ба роҳ монда, барои соҳибмаърифат гардидани кӯдакону наврасон саҳмгузор бошанд. Зеро, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан, ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ҷиҳати ба камол расидани насли наврасу ҷавон саҳмгузор бошем.
Дар ин замина, масъулини соҳа барои ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакони синни томактабӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки кӯдакон дар оянда барои рушди ҷомеа, шукуфоии диёри азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо чун сиёсатмадор, олим, шоир ва муаллиму мураббӣ хизмат хоҳанд кард.
Воқеан ҳам, кӯдакону наврасон ояндасозони Ватан мебошанд. Меҳру муҳаббат ва таваҷҷуҳи мо ба онҳо бояд афзун бошад ва баҳри фароҳам овардани шароит барои рушду камолоти босуботи онҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ диҳем. Зеро давлатро танҳо нафарони соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд ва пешрафту оромии ҳар ҷомеа аз сатҳи донишу ихтисосмандӣ ва фарҳангу ҷаҳонбинии афроди он вобастагии мустақим дорад.
Аз ин рӯ, ба фарзандон бояд фаҳмонем, ки аз натиҷаҳои ғамхории доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, мактабу синфхонаҳои муосиру муҷаҳҳаз, дигар иншооти замонавии барояшон муҳайёгардида, муҳимтар аз ҳама, аз донишу таҷрибаи устодони худ самаранок баҳравар гарданд ва ба хотири омӯзиши илму дониш, бахусус илмҳои табииву риёзӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, ахлоқи ҳамидаву рафтори нек доим саъю талош кунанд ва дар оянда барои миллати соҳибтамаддуни худ ҳамчун кадрҳои баландихтисос хизмати арзандаро анҷом диҳанд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба кулли кӯдакону наврасон табрику муборакбод намуда, барои онҳо даврони саодатёри наврасӣ, оромию осудагӣ ва хандаи ҷовидонаи беғаши тифлиро таманно дорем. Бигзор кӯдакони мо ҳамеша сарбаланду саодатманд ва ворисони арзандаи Ватани хеш бошанд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!
Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб