• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Конститусия – қонуни асосии давлат ва ҷомеа

Migration Service by Migration Service
27.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Конститусия – қонуни асосии давлат ва ҷомеа
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таърихи 6 ноябр барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи азизу мукаррам аст. Зеро 31 сол қабл аз ин дар ҳамин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои демократӣ ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки посухгӯи ниёзҳои мардуми кишвар ва меъёрҳои байналмилалист. Қабули Конститутсия дар таърихи кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти солҳо бештар мегардад.

Ҳар як давлат дорои Конститутсия мебошад, ки он принсипҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, судӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти шаҳрвандонро муайян менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари соҳибистиқлол гардидан роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократии дунявиро пеш гирифт, ки дар чунин ҷомеа мебояд ҳуқуқи инсон, озодии сухан, гуногунандешӣ, баробарӣ, волоияти қонун ва дигар омилҳои башардӯстона пойбарҷо бошанд. Ҳамаи ин унсурҳо дар Конститутсияи кишвар возеҳу равшан инъикоси хешро ёфтанд.

Бо қабули Конститутсия дар ҷумҳурӣ марҳилаи нави инкишофу тараққиёт оғоз ёфт, ки моҳияти он таъмини ҳаёти осудаҳолона ва озоди мардуми Тоҷикистон мебошад. Конститутсия меъёрҳои маъмули байналхалқиро вобаста ба фарҳангу арзишҳои миллиамон дар худ фаро гирифта, мақоми қонунии истиқлоли фарҳангиву сиёсӣ ва иқтисодии давлати тоҷиконро тадриҷан мустаҳкам ва пойдор карда истодааст. Конститутсияи мамлакат дар тамоми соҳаҳои фаъолияти мо дастури амал ва роҳнамо мебошад. Ин санади ҳуқуқӣ иштироки бевоситаи мардумро дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ муқаррар намуда, ҳуқуқу озодиҳои онҳоро кафолат медиҳад. Боиси хушнудист, ки Конститутсия пеш аз ҳама ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфтааст. Он санади бунёдиву созандае гардидааст, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонон ҳуқуқҳои худро мешиносанд ва аз онҳо баҳравар мешаванд. Аз ин рӯ, ҷавононро лозим меояд, ки онро пайваста омӯзанд, аз имкониятҳое, ки он муқаррар намудааст бештар истифода баранд ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шаванд, ки риояи ҳатмии он барои онҳо ҳам фарзу ҳам суннат гардад.

Амиқ донистани Қонуни асосии давлат имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хеш дар назди давлат ва ҷомеа тасаввуроти пурра дошта бошанд ва дар зиндагии имрӯза аз онҳо дуруст истифода кунанд. Таҳаввулотҳое, ки дар беҳдошти ҳаёти ҷавонони кишвар ба миён омадааст, аз қабили қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон, барномаҳои вусъатдори давлатии марбут ба ҷавонон ва ғайраҳо маншаъ ва маънии худро аз Конститутсия гирифтаанд.

Имрӯз миллати тоҷик соҳиби истиқлоли миллӣ, давлату давлатдорӣ ва ифтихороти миллӣ гардида, бо иродаи матин ба таври доимӣ ин муқаддасоти миллиро ҳифз ва рушду такмил медиҳад. Қадами ҷиддӣ дар ин роҳ қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистон мебошад, ки дар моддаи аввалаш ин дастоварди бузурги миллӣ чунин сабт гардидааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.

Қабули Конститутсия аз ҷониби мардуми Тоҷикистон, интихоби умумихалқии Президенти ҷумҳурӣ, қабули Парчами давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, интихоби Маҷлиси Олӣ, таъину интихоби мақомоти роҳбарии маҳаллӣ ва ғайраҳо аз мустаҳкаму босубот сохтани ҷамъият, давлат ва дар ниҳоят ба сатҳи сифатан нав расидани истиқлоли миллии мо шаҳодат медиҳанд.

Ба ҳамин тартиб, давлат барои ҳамагон, бидуни истисно роҳи конститутсионӣ, қонунӣ, маданӣ ва инсонии фаъолияти сиёсиро фароҳам овардааст. Ин меъёр ба тамоми талаботу қолабҳои қабулшудаи умумибашарӣ ҷавобгӯ буда, дар радифи дигар меъёрҳо давлати воқеан ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ будани Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Комрони Ғафурҷон,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод

Previous Post

Чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳри Истаравшан

Next Post

Дар ноҳияи Тоҷикобод вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ вохӯрии судманд доир гардид

Next Post
Дар ноҳияи Тоҷикобод вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ вохӯрии судманд доир гардид

Дар ноҳияи Тоҷикобод вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ вохӯрии судманд доир гардид

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.