Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад. 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар он волоияти қонун ҳукмрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд. Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.
Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд. Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.
Тавре дар муқаддимаи Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст: “Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон, бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд”.
Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия — кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.
Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.
Муҳиддинов Сиёвуш,
Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират