Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян карда, пояҳои ҳуқуқии сохторҳои давлату ҳукумат ва ҷомеаро таҳким мебахшад.
Конститутсия қонуни асосии кишвар буда, тамоми дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ аз он сарчашма мегиранд ва ин санади тақдирсоз Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намудааст, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.
Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститиусия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлоли давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳаё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид. Пешвои миллат таъкидан баён доштанд, ки Конститутсияи бо иродаи мардуми кишвар қабулгардида, сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гаштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) дар боло рафтани эътибори байналмилалии Тоҷикистон нақши муҳиме гузошт. Ва ин Қонуни асосӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисобид, ки мақсади он таъмини соҳибихтиёрӣ ва рушду нумўи мамлакат, кафолати озодӣ ва ҳуқуқи шахс, баробарҳуқуқию дўстии тамоми миллату халқиятҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Ба пиндори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё кардани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт”.
Тазаккур бояд дод, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар таҷрибаи давлатдории ҳамаи кишварҳои пешрафтаи дунё ҷой дорад. Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба ин Қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин тағйиру иловаҳо бо назардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба талаботи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, мувофиқ гардондани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба вуқўъ пайвастаанд.
Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон мақом дорад. Зеро маҳз бо шарофати Конститутсия давлати мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф гардид.
Ҳар як узви ҷомеа бояд амиқ дарк намояд, ки танҳо бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ имрўз мо метавонем ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар ҳама самтҳо бирасем ва баробар бо ин, дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигаҳдошти суботу оромии ҷомеа комёб шавем.
Камолиддин Бобоев,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода
								
								
