• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Конститутсия – санади тақдирсози миллат

Migration Service by Migration Service
24.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Конститутсия – санади тақдирсози миллат
310
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

“Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номумкин аст”.

                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон.

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978, ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз Конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Чи хеле ба мо маълум аст, санаи 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки иҷрои он барои ҳама давлатҳои Созмони Миллали Муттаҳид ҳатмӣ мебошад.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзмандӣ аҳолӣ, аз ҷумла кудакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар  сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару  зеботар гардад.

Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, ки “Тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд”.

Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки “Коститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти  танзим қарор медиҳад”.

Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардида то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Чи хеле дар боло қайд карда шуд, ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи Конститутсия коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид.

Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.

Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд.

Дар вақти риоя накардани талаботи Конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд.

Ҳамин тариқ, 30 (си) соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он мебошад, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввалиндараҷа буда, ин нуқта зарурат ба шарҳ надорад ва итминон дорам, ки барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

Ғайбуллоев Баҳрулло,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ               

Previous Post

Зуҳуроти номатлуб – хатар ба суботу амнияти ҷомеа

Next Post

Созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати ООО “ТС-Сервис”-и шаҳри Ижевски Федератсияи Россия

Next Post
Созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати ООО “ТС-Сервис”-и шаҳри Ижевски Федератсияи Россия

Созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати ООО “ТС-Сервис”-и шаҳри Ижевски Федератсияи Россия

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.