Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳар як пешрафти ҷомеаи мо ба шарофати амали 31-соли Конститутсия ба даст омада, пеш аз ҳама таъмини волоияти Қонун, натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар як давлат мебошад.
Таъкид менамоям, ки вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он, барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Ёдовар мешавем, ки 6 – ноябр мардуми кишвари азизамон дар фазои сулҳу субот Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Зеро дар ин рӯзи соли 1994 бо азму иродаи халқ Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Конститутсия – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат аст.
Имрӯз бо бовари гуфта метавонем, ки Конститутсияи кишвар санади асосиест, ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф карда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.
Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, чун ифодагари армонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ муайян намудааст.
Тӯли сиву як сол фаъолияти Конститутсия имкон фароҳам омад, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташкил ва бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёфта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта будаанд “Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эътиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагонӣ ва амал намоем”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Маҳз бо риояи қатъии меёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари мо дар миқиёси ҷаҳон муаррифӣ шуд ва халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохта гардид.
Илова бар ин, Конститутсия – давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад.
Итминони комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллатамон, рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегардад.
Дар давоми сиву як сол халқи куҳанбунёди Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонии худро тибқи меъёрҳо ва талаботи Конститутсия пеш бурда, ба воситаи ин санади воқеан воло ба бисёр комиёбиҳои беназир ноил гаштаем.
Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқӣ, дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва сарчашмаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.
Орифҷон Олимзода,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

