• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар ноҳияи Ашт

Migration Service by Migration Service
05.02.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар ноҳияи Ашт
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар асоси нақшаи гузаронидани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия вохӯрӣ – мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод ҳангоми сафари хатсайри Тоҷикистон – Федератсияи Россия, шаҳри Тюмен, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот оид ба пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, савдои одамон, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо, қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, ироа гардид.

Ҳамзамон, баромадкунандагон қайд наумданд, ки муҳоҷират ба як раванди умумибашарӣ табдил ёфта, ҳамасола аз кишвари мо низ ҳазорон нафар одамон бо мақсади дарёфти ҷойи кору манбаи даромад ва беҳтар кардани шароити зиндагии худ ва аҳли оилаашон ба давлатҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Мутаассифона, иддае аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо сабаби надоштани иттилооти зарурӣ дар бораи муҳоҷирати қонунӣ, дар пайдо кардани кор дар хориҷа душворӣ мекашанд, баъзан кор ёбанд ҳам, музди меҳнати худро гирифта наметавонанд, ба доми қаллобон меафтанд ва ё ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор шуда, ранҷу азоби зиёде мекашанд. Барои пешгирии чунин хатарҳои муҳоҷират ҳар як шахсе, ки мехоҳад ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад, бояд дар бораи қоидаҳои муҳоҷират ба кишварҳои хориҷӣ маълумот дошта бошад. 

Ҳар як шаҳрванд бояд дақиқан дарк намояд, ки зуҳуроти экстремизм ва терроризм ба ватану миллати, ба фарҳанг, зиндагии осоишта, ҳаёти худи ӯ, ба модару хоҳар ва зану фарзанди ӯ, ба хонаву молу мулки ӯ ва ба манфиати шахсии ӯ хатари ҷиддӣ дорад.

Аз ин рӯ, донистани маҳфумҳои ҳуқуқии ин зуҳуроти номатлуб, ҷавобгарӣ барои он ва дода нашудан ба фитнаи ҷалбкунандагон муҳим аст.

Экстремист шахсест, ки фаъолияташ ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ равона шудааст, мисол ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ наҷодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудааст.

Инчунин, барои роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва шахсони миёнарави тасодуфӣ, донистани тарзи дурусти бақайдгирӣ, барасмиятдарорӣ, шартномаи меҳнатӣ, Хадамоти консулӣ ва Сафорат, ташкилотҳои ғайридавлатие, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, донистани забони кишвари қабулкунанда, фарҳанг ва анъанаҳо, ҳифзи саломатӣ, ташриф ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аъзои оила, боғчаҳо ва мактабҳо барои фарзандони Шумо, муносибат бо корфармоён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ кафили муҳоҷирати бехатар мебошад.

Дар рафти баромад зикр карда шуд, ки ҳар як муҳоҷир бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба шахсони миёнарави тасодуфӣ ва амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Чорабинии судманд дар ноҳияи Айнӣ

Next Post

Ярмаркаи  ҷойҳои холии корӣ дар ноҳияи Ашт

Next Post
Ярмаркаи  ҷойҳои холии корӣ дар ноҳияи Ашт

Ярмаркаи  ҷойҳои холии корӣ дар ноҳияи Ашт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.