• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ

Migration Service by Migration Service
30.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом бо гурӯҳи кории иборат аз мудири шуъбаи кор бо занони МИҲД, намояндагони шуъбаи маориф, КАТС ва директори Маркази касбомӯзии калонсолон вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан баргашта, сокинони ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳр,  дар толори Маркази касбомӯзии калонсолон баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии ҷиноят дар байни занҳо, қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафар, аз байн бурдани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таассубу хурофот ва бегонапарастӣ, иҷроиши Қонунҳои милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии савдои одамон  ва чанд масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Директори Маркази касбомӯзии калонсолон Заррина Раҳимҷонова мулоқотро  ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории ин вохӯриро шарҳ дод.

Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом – Маҳбуба Муҳиддинова ба масъалаи хурофоти бегонапарастӣ оилаву оиладорӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуд.

Сипас суханро мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Фарзона Толибова идома дода, оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, омодагии пеш аз сафар, муҳоҷирати бехатар, суханронӣ намуда қайд кард, ки асоси воқеии ихроҷ гардидани муҳоҷирон ин бе қайди истиқомат ва ё бе ҳуҷҷат фаъолият бурдан, ё надонистани Қонунгузории ин кишвар мебошад.

Дар идома мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр – Парвина Раҷабова  бобати кортаъминкунии аҳолӣ ва муҳоҷирони ба ватан баргашта, аъзои оилаи онҳо, додани қарзҳои имтиёзнок ибрози назар кард.

Баъдан сармутахассиси Маркази касбомӯзии калонсолон  вобаста ба масъалаҳои омӯзонидани касб ва гирифтани сертификати касбият суханронӣ намуд.

Описание: SAVE_20230301_094625Ҳамзамон бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар назди бозори марказии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Мулоқоти судманд дар шаҳри Хуҷанд

Next Post

Вохӯрӣ бо ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Фархор

Next Post
Вохӯрӣ бо ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Фархор

Вохӯрӣ бо ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Фархор

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.