• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Migration Service by Migration Service
01.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо  МД “Марказҳои машварати ва омодаги пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути ҳавопаймо ба шаҳрҳои  Федератсияи Россия сафар менамуданд, бо онҳо ҳамарӯза ҳамсуҳбат шуда, дастурҳои муфид дода истодаанд.

Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.

 Дар рафти суҳбату вохӯрӣ ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки  ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ  пайдо мекунад. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд. 

Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 30 апрели соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.

Агар шаҳрвандоне, ки дар  руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва ФР-ро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод  намоянд.

Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират тавассути телефонҳои дар зер нишон дода шуда, муроҷиат намоянд.

 Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳар як шаҳрванд дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ҳодисаҳои номатлуби замон

Next Post

ҚОНУНӢ ГАРДОНИДАНИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Next Post
ҚОНУНӢ ГАРДОНИДАНИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

ҚОНУНӢ ГАРДОНИДАНИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.