• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳрҳои Панҷакент ва Исфара

Migration Service by Migration Service
14.05.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳрҳои Панҷакент ва Исфара
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент оиди амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 – 2025” ва ҳамчунин бо дар назардошти нақшаи чорабиниҳои муштарак якҷоя бо шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, кор бо занон ва оила, бахшҳо оид ба танзими дин, анъана ва ҷашну маросимҳо, кор бо ҷавонон ва варзиш, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ дар шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Косатарош деҳаи Чинор чорабинии иттилоотию – фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ баргузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур иштирокдорон ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ба Ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ (қочоқи инсон) дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби коррупсионӣ низ баромадҳо аз ҷониби баромадкунандагон ба ҳозирин ироа гардид.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ба таъмини риояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст, пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба шумор меравад. Ҷинояти савдои одамон ба ҷамъият хавфи махсус дошта, ба ҷиддан поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шуда, дорои ҷузъҳои таҳдид нисбат ба амнияти миллӣ ва тахриби субботу устувории вазъи иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад. Қонунгузории амалкунанда савдои одамон ва истисмори онҳоро бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда, ин кирдорҳоро ҷиноят эътироф намуда бошад ҳам, шахсони алоҳида то ҳол ба содир кардани ин амалҳои ҷинояткорона ва нанговар даст мезананд.

Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош суханронӣ карда шуд.

Бобати иҷроиши масъалаҳои болозикр дар оянда низ шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент корбариро идома хоҳад дод.

Ҳамзамон тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдорӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки гурӯҳи фаҳмондадиҳӣ дар ҳайати муовини раиси шаҳри Исфара – Бобоиён Мадина, шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо занон ва оила, ШВКД-2-и шаҳри Исфара, раёсати маориф ва КАТС дар Ҷамоати деҳоти Хонобод бо фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо иштироки зиёда аз 120 нафар шаҳрвандон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар рафти он аъзои гурӯҳи фаҳмондадиҳӣ оид ба мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии гурӯҳҳои ифротгаро, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони баргашта, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди коррупсия, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Бо зуҳуроти номатлуб оштинопазир бошем

Next Post

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом

Next Post
Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.