• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣдар ноҳияи Ашт

Migration Service by Migration Service
15.11.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣдар ноҳияи Ашт
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт  вохӯрии судманд бо сокинони ноҳия дар ҷамоати шаҳраки Шайдон деҳаи Даҳана баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Назарова Сулҳия баромад намуда қайд кард, ки муҳоҷирон бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳама ҳангоми баромадан ба сафар бояд пурра забони давлати қабулкунандаро аз худ кунанд ва дар муҳоҷират ҳама вақт бо худ шиноснома, корти муҳоҷират, огоҳиномаи гузоштан дар қайди муҳоҷират (сабт), патент барои кор бо расиди пардохти андоз, санади бимаи ихтиёрии тиббӣ дошта бошанд.

Ба роҳ мондани тарзи дурусти бақайдгирӣ, барасмиятдарорӣ, шартномаи меҳнатӣ, хизматрасониҳои консулӣ, донистани забони кишвари қабулкунанда, фарҳанг ва анъанаҳо, ҳифзи саломатӣ, ташриф ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аъзои оила, боғча ва мактабҳо барои фарзандон, муносибат бо корфармоён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ, кафили муҳоҷирати бехатар мебошад.

Ҳамзамон ба сокинони ноҳия тавсия дода шуд, ки ҳангоми вуруд ба Федератсияи Россия аз ин қонунҳои нав ворид гардида, огоҳ бошанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия бояд корти муҳоҷиратро (ба таври худкор ё дастӣ) бо забони русӣ ё бо ҳуруфи лотинӣ мувофиқи маълумоти дар шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият буда, хонапурӣ намоянд.

Аз 1 январи соли 2025 муҳлати муваққатии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия дар маҷмӯъ дар давоми як соли тақвимӣ аз 90 рӯз зиёд буда наметавонад. Муҳлати зикршуда метавонад дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Федератсияи Россия тамдид карда шавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи убури Сарҳади давлатии Федератсияи Россия дар муҳлати 15 рӯз аз уҳдадории бақайдгузорӣ дар макони будубош озод мебошанд . Барои бақайдгузорӣ муҳоҷират бояд дар макони будубош, ба мақомоти салоҳиятдори маҳали будубош корти муҳоҷиратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намоед.

Инчунин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё тавассути маркази бисёрфунксионалӣ ва ё идораи зертобеи Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ПВС»-и Вазорати корҳои дохилии Россия, ё ташкилоти ваколатдор, ё дар шакли электронӣ бо истифода аз Портали ягона дар бораи ворид шудан ва ё омадан ба мақомоти сабти муҳоҷират дар маҳали будубош дар ҳолатҳои зерин мустақилона хабар диҳанд.

– мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабабҳои узрнок, ки ба тарафи қабулкунанда барои фиристодани огоҳинома оид ба омадан монеъ мешаванд ;

– мавҷуд будани моликият барои бинои истиқоматӣ, ки воқеан ӯ дар онҷо зиндагӣ мекунад ;

– ҳангоми бастани шартномаи иҷораи манзил бо тарафи қабулкунанда .

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, вазифадоранд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шуданашон аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд ва ё ҳангоми барасмият даровардани патент бо ариза муроҷиат намоянд.

Шахсоне, ки ба муҳлати дароз (зиёда аз 90 рӯз) бо мақсадҳои дигар меоянд – дар давоми 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан.

Иҷро накардани уҳдадориҳои дар боло зикршуда боиси кам кардани муҳлати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия ва зарурати берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия мегардад.

Шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки барои гузаштан аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ, инчунин барои дастрас намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии ҳатмии давлатии изи ангушт ва аксбардорӣ ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия ё идораҳои зертобеи корхонаи он (ФСУЕ «ПВС»-и Вазорати корҳои дохилии Россия) ё ташкилотҳои ваколатдор дар ҳудуди шаҳри Москва муроҷиат намоянд.

Шаҳрванди хориҷӣ, ки мақсади сафараш ба фаъолияти меҳнатӣ алоқаманд набуда, бо тартибе, ки раводид талаб карда намешавад, вуруди Федератсияи Россия гардидааст, ҳуқуқ дорад бидуни баромадан аз ҳудуди Федератсияи Россия ҳангоми гирифтани патент бо нишон додани ивази мақсади худ дар ариза доир ба анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия метавонанд тағйир диҳанд.

Шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан ба Федератсияи Россия ворид гардидааст, уҳдадор аст то ба охир расидани муҳлати будубоши муваққатии худ, ба истиснои ҳолатҳое, ки муҳлати будубоши муваққатии ӯ тамдид шудааст, аз Федератсияи Россия хориҷ шаванд.

Муҳлати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия ҳангоми таҳсил дар асоси аризаи дар шакли муқарраршуда ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсил дар қаламрави Федератсияи Россия тамдид карда мешавад.

Дар сурати ворид шудан ба Федератсияи Россия аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истиқомати муваққатӣ ё доимӣ дар Федератсияи Россия, ӯ ҳуқуқ дорад барои гирифтани маълумоти бештар ба шуъбаҳои муҳоҷирати ВКД Россия ё корхонаҳои зертобеи он (ФСУ «ПВС»-и ВКД Россия) ё ташкилоти ваколатдори ҳудуди шаҳри Москва муроҷиат намояд.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, Шумо метавонед ба Сафорату консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муроҷиат намоед.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post

Таҷлили Рӯзи Президент дар Хадамоти муҳоҷират

Next Post
Таҷлили Рӯзи Президент дар Хадамоти муҳоҷират

Таҷлили Рӯзи Президент дар Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.