Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳангоми суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳиро ҷиҳати муҳоҷирати бехатар, роҳои пешгирӣ намудани худ аз гурӯҳҳои ифротгаро, экстремизму терроризм, риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия, роҳандозӣ намуда истодаанд.
Тавре сармутахассиси Шуъба Сайфиддинов Шоҳинҷон иттилоъ дод, мақсад аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандон тавсия медиҳем, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда аз чи бояд огоҳ бошанду, чиро бояд донанд. Аз ҷумла, донистани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ, тарзи гирифтани Патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ҳатмӣ буда, ҷиҳати пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид дода, даъват ба амал овард, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд.
Ҳамзамон, ба ҳозирин тавсияи худдорӣ аз сафар ба кишвари Федератсияи Россия дода шуд, ки айни замон назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Россия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ пурзур карда шудааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, эктремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, барои дарёфти ҷои кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе