Кормандои шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҳангоми суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳиро ҷиҳати муҳоҷирати бехатар, роҳҳои пешгирӣ намудани худ аз гурўҳҳои ифротгаро, экстремизму терроризм, риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб, ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда аз чи бояд огоҳ бошанду, чиро бояд донанд. Аз ҷумла, донистани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ, тарзи гирифтани патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ҳатми буда, ҷиҳати пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид дода, даъват ба амал овард, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд ҳар як фарди ҷомеаи имрўза барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза барад.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Федератсияи Россия истифода ва интиқоли растании гармала (исирик, ҳазориспанд) қатъиян манъ мебошад. Гармала (ҳазориспанд) ва моддаи фаъоли он — гармин — мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ба моддаҳои нашъадор мансуб дониста мешаванд. Ворид кардан, харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, фурӯхтан, истифода бурдан ва тарғиб намудани гармала манъ аст.
Барои гардиш ва истифодаи ғайриқонунии гармала тибқи моддаҳои 6.8 ва 6.9 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ФР, инчунин моддаҳои 228 ва 228.1 Кодекси ҷиноятии ФР, ҷарима, ҳабси маъмурӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ — ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Россия ва дар ҳолатҳои вазнин — маҳрумият аз озодӣ то ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонунҳои Федератсияи Россияро қатъиян риоя намоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

