Кормандои дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҳангоми суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳиро ҷиҳати муҳоҷирати бехатар, роҳҳои пешгирӣ намудани худ аз гурӯҳҳои ифротгаро, экстремизму терроризм, риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он, ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда аз чи бояд огоҳ бошанду, чиро бояд донанд. Аз ҷумла, донистани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ, тарзи гирифтани патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ҳатми буда, ҷиҳати пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид дода, даъват ба амал овард, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза барад.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки бо иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия аз 5 феврали соли 2025 Феҳристи шахсони назоратшаванда дар қаламрави кишвари иқомат ба фаъолият оғоз намуд.
Феҳристи шахсони назоратшаванда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷойгир буда, ҳар шаҳрванд вобаста ба муйаян намудани вазъи ҳуқуқии худ метавонад тавассути линки мазкур ваъзияти буду боши худро дар қаламрави Федератсияи Россия муайян намояд. http://мвд.рф/rkl
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар портали худхизматрасонии “Хизматрасониҳои давлатӣ” (госуслуги) ҳуҷраи шахсӣ доранд, онҳо низ метавонанд тавассути барномаи мазкур вазъи ҳуқуқии будубоши худро санҷиш намоянд. http://gosuslugi.ru/655781/1/form?_=1739004601525
Мавриди зикр аст, ки ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шаҳрвандони хориҷие шомил мешаванд, ки пас аз ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия будубоши худро ба қайд нагирифтаанд, бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дар кишвари иқомат фаъолият доранд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави кишвари иқомат содир намудаанд.
Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки агар ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат фаъолият доред ё имкони тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмиро надоштед ва дар ин самт ҳамеша мушкилӣ пеш меомад, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 имкон доред, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошатонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубош намоед.
Вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шуъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, филиалҳои Корхонаи давлатии воҳиди федералии «Хадамоти шиносномадиҳии раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоед.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, брошюраҳои роҳнамои Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, эктремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷои кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид дода шуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират