• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шуд

Migration Service by Migration Service
29.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шуд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо пеш аз сафар, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда истодаанд.

Дар вақти суҳбат бо муҳоҷирон масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби мақомотҳои марбутаи кишвари иқомат дар ҳолати риоя накардани қонунгузориҳои кишвари иқомат татбиқ карда мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки пеш аз сафар ба қаламрави Федератсияи Россия манъи воридоти худро санҷиш намуда, баъдан чиптаи парвоз харидорӣ намоянд, чун ҳангоми ворид шудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ наметавонанд аз сарҳади давлатӣ гузаранд ё худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранду иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дастрас намоянд.

Вобаста ба манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат раёсату шуъбаҳои ноҳиявию шаҳрии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар ҳолатҳои зерин метавонанд чунин қарор содир намоянд:

– пешниҳоди маълумоти бардуруғ дар бораи худ ва мақсади будубош дар кишвари иқомат;

– дар муддати се сол якчанд маротиба содир намудани ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия (вобаста ба минтақаи фаъолияти шаҳрванди хориҷӣ);

– ҳангоми хатар ба амнияти миллӣ ва саломатии аҳолии Федератсияи Россия;
– ҳангоми доштани қарори суд дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;

– ҳангоми пардохт накардани ҷаримаи суд муайянкардашуда оид ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;

-ҳангоми пардохт накардани андоз аз даромад ва ё пардохт накардани ҷаримаи татбиқшуда;

– дар давоми як сол такроран содир намудани ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ, риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии амнияти миллӣ ва ё вайрон намудани қоидаҳои будубош дар кишвари иқомат;
Агар вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Россия манъ шуда бошад ва дар қаламрави он қарор дошта бошад, ӯро зарур аст, ки дар муҳлати кутоҳтарин аз қаламрави Федератсияи Россия баромада равад.

Дар ҳолати баромада нарафтан тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат вурудаш ба муҳлати 3, 5 ва ё 10 сол манъ карда мешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд зарур аст, ки талаботҳои будубоши кишвари иқоматро риоя намуда, дар доираи қонунугузории Федератсияи Россия фаъолият намоянд.

Дар ҳолати пайдо гардидани савол вобаста ба будубош ва талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванд метавонад ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират  тавассути рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва ё +7 (999) 912-58-68 (whatsapp) муроҷиат намояд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Доғи ҷомеаи имрӯза

Next Post

Чорабинии судманд дар ноҳияи Зафаробод

Next Post
Чорабинии судманд дар ноҳияи Зафаробод

Чорабинии судманд дар ноҳияи Зафаробод

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.