Бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо оид ба тағйироту иловаҳо дар қонунгузории кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯрии мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова Сулҳия дар ҳамкорӣ бо намояндаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Мамадҷонова Ойсара, инчунин намояндаи Ҷамоат Баҳриддинова Меҳрангез дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод деҳаи Долона баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ вобаста ба талаботҳои қонунгузории давлати қабулкунанда дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонии хориҷӣ аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст ва тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, №272 ба фармони қабли тағйирот ворид гардида, шаҳрвандон метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро дар кишвари иқомат муайян намуда, ҳуҷҷатҳои худро расман ба қайд гузоранд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Инчунин, ба сокинон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд