Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт вохӯриву мулоқот бо оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Литсейи №2 баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба талаботи қонунгузории давлати қабулкунанда, аз ҷумла кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботи қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйироти охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Инчунин, ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуданд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

