Бахши Хадамоти Муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро байни сокинони ноҳия дар бозори “Меҳргон”-и ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор намуд.
Дар рафти вохӯрӣ бо сокинон оид дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули суҳбатҳои рӯ ба рӯ оид ба ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, савдои одамон, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарстӣ ва пос доштани фарҳанги аҷдодии миллӣ ва зуроварӣ дар оила, байни сокинон ба роҳ монда шуд.
Қайд карда шуд, ки ҳар як инсони боимону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобатӣ ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асосос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Ҳарчанд, ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом додаанд ва итминони комил дорем, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд