• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта

Migration Service by Migration Service
04.07.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, донистани ҳуқуқ ва риояи қонунҳои амалкунандаи давлатҳои қабулкунанда, эмин будан аз хатарҳои гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва имкониятҳои мавҷудаи бакортаъминкунии муташаккилона дар хориҷ ва дохили кишвар, ҷоннок намуда истодаанд.

Дар рафти вохӯрӣ ба шаҳрвандон дар бораи муҳоҷирати бехатар, қайд гардид, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар бояд дар бораи давлати қабулкунанда, талаботи қонунгузории он дар самти муҳоҷират, донистани забон ва чи гуна худро эмин нигоҳ доштан аз хатарҳои гурӯҳҳои тундгаро ва экстремистию террористӣ маълумоти зарурӣ дошта бошанд.

Ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ бо худ гирифтани ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва ташхиси тиббиро оиди надоштани бемориҳои сироятӣ зарурият дошта, соҳибкасб будан ва доштани ҳуҷҷати касбӣ дар бакортаъминшавии Шумо кумак мерасонад.

Ҳамзамон барои гирифтани маълумот оиди кушода ё баста будани вуруди худ ба шуъбаву бахшҳо ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати ҷойи зист ва гирифтани машварати ройгон метавонед ба Муассисаҳои давлатӣ «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва ВМКБ муроҷиат намоед.

Дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар муҳлати муайяншуда бояд худро дар ҷойи зисти муваққатӣ ба қайд гирифта, дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ патент гирифтан ҳатми буда, кӯшиш намоед, ки бо корфармо ё ширкатҳои кордиҳанда шартномаи меҳнатӣ баста баъдан фаъолияти кориро идома диҳед.

Донистани забон ва доштани ҳуҷҷати касбӣ имконияти, хуби расман ба кортаъминшавӣ дошта, вобаста ба ин барои соҳибкасб шудан ва гирифтани ҳуҷҷати касбӣ метавонед ба Филиалҳои марказҳои таълимии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намоед.

Ҳамзамон ба ҷамъомадагон оид ба риояи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги он маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Вобаста ба масъалаи дар хориҷ ва дохили кишвар ба кор таъминшавии шаҳрвандони корҷӯй ва муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ дода шуд, ки Ширкатҳои ватанӣ кормандони баландихтисос ва соҳибмалакаро бо маоши баланд ва шароити хуби корӣ ба кор таъмин мекунанд ва онҳо метавонанд ҷиҳати ҳалли ин масъала ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» – и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро ба ҷойҳои кории холӣ дар Ҷумҳуриҳои Литва, Булғория, Федератсияи Россия ва Аморати муттаҳидаи Араб аз руйи ихтисосҳои муайян ба кор даъват менамояд ва хоҳишмандон метавонанд ба телефонҳои додашуда дар тамос бошанд.

Инчунин, дар рафти суҳбат ба ҳозирин оид ба масъалаҳои хатарҳои экстремистию террористии ҷаҳони муосир, дар канор гирифтани худ аз шомилшавӣ ба ин гурӯҳӯ созмонҳо, огоҳ будан аз амалҳои одамрабоӣ ва савдои одамон, ҷавоб надодан ба паёмакҳои телефонии шахсони ношинос ва даъватҳои ғаразноки шабакаҳои интернетӣ маълумоти муфассал доданд.

Дар самти дарёфти ҷойи кор дар ташкилоту корхонаҳои шаҳр ва Ширкатҳои азими ватанӣ ба ҳозирин маълумот дода аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар корхонаю ташкилотҳои шаҳр ва ширкатҳои ватани ҷойҳои кории холӣ зиёд мавҷуданд ва онҳо метавонанд ба шуъба муроҷиат намуда мушкилоти худро ҳаллу фасл намоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён варақаҳои роҳнамоӣ ва иттилоотӣ дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан

Next Post

Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур

Next Post
Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур

Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.