Дар асоси нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 ва 3-юми майи соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” ва кормандони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” пеш аз сафар корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба қаламрави Федератсияи Россия сафар мекарданд, гузаронида ба онҳо оиди будубош дар ин кишвар ва қонуну қоида ва расму оинҳо суҳбат намуда, дастурҳои муфид доданд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо сокинони вилоят, ки тавассути парвоз ба кишварҳори хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия равонаанд, оид ба вазъи имрӯза дар ин кишвар, қонунгузории нави он маслиҳатҳои муфид доданд.
Инчунин, ба ҳозирин бори дигар таъкид карда шуд, ки шахсоне азми сафар ба кишвари Россия доранд, муваққатан то муътадил омадани вазъият худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон дар суҳбат гуфта шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд забони давлати қабулкунандаро дар сатҳи муошират донанд, касби муносиб дошта бошанд ва қонунҳои будубоши ин кишваро бе чуну чаро риоя намоянд.
Ҳангоми ба кишвари Россия ворид шудан, ҳатман гирифтани патент, қайди муваққатӣ, шартномаи меҳнатӣ бастан бо кордеҳ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фаромӯш накунанд.
Дар рафти суҳбат махсус қайд гардид, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият доранд, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ буда, барои онҳо шомил кардан ба саҳфҳои худ кушиш менамоянд, ба табақаи муайяни аҳолӣ рӯ биёранд, ки инҳоро ҷавонон, шахсони бекори ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёз дошта, аз волидон ва ё ҷамъият ранҷида, дорои пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва дигарон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки дар давлати бегона эҳтиёткориро аз даст надода, фарҳангу тамаддуни миллати хешро ҳифз намуда, қонунҳои буду боши муҳоҷирати меҳнатиро риоя намоед.
Чунин вохӯриву суҳбатҳо дар “Истгоҳи роҳи оҳан” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо муҳоҷироне, ки тариқи хатсайри Хуҷанд-Волгогради Федератсияи Россия сафар менамуданд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд