Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар суҳбат бо сокинон намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодаги пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм, терроризм, муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ- маърифатӣ тақсим карда шуд.
Зимни вохурӣ бо шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботи санитариву гигиенӣ зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар миёни ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъмин намуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд.
Дар идомаи вохурӣ вобаста ба гаравиши ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористиву экстремистӣ, ҷиноӣ, нашъаҷаллобӣ иттилоъ дода шуда, даъват гардид, ки аз ҳар гуна гурӯҳҳои мухолифатангез дурӣ ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои оилаи худро эмин нигоҳ доранд.
Инчунин, ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки аз 26 июни соли 2025, барномаи мобилии “ruID” дар ҳамаи мағозаҳои расмии замимаҳо (Google Play, App Store, RuStore ва ғайра) дастрас мебошад.
Барномаи ruID бо мақсади осон кардани вуруд ба Федератсияи Россия, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусии рақамӣ дар ҳудуди Россия таҳия шудааст. Ин барнома имкониятҳои зеринро пешниҳод мекунад:
• Коҳиш додани вақти интизорӣ ҳангоми гузаштани назорати шиноснома дар нуқтаҳои марзӣ (фурудгоҳҳои Россия);
• Содда кардани раванди сафар ва вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия.
• Шиносоии электронии соддашуда;
• Дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва иҷтимоӣ (аз ҷумла муҳоҷиратӣ, тиббӣ, бонкӣ ва ғайра);
• Нигоҳдорӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ;
• Амнияти баланди маълумот ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои онлайн;
Истифодаи барномаи ruID ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки:
• Айни ҳол дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд;
• Нақшаи сафар ва ворид шудан ба Россияро доранд бо мақсади кор, таҳсил ё иқомати муваққатӣ ва доимӣ.
Тарзи насб ва истифода:
1. Ба Google Play, App Store ё RuStore дар телефони мобилии худ ворид
шавед.
2. Дар сатри ҷустуҷӯ номи ruID-ро нависед.
3. Барномаро боргирӣ ва насб кунед.
4. Тибқи дастурҳо сабти ном намоед.
Барномаи ruID ба Шумо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳоро дар шакли рақамӣ осонтар ва бехатар истифода баред, равандҳои гузариш аз марзро тезонед ва вақти худро сарфа намоед.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.
Дар охир ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ маърифатӣ аз ҷониби кормандони шуъба тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд