Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд аз ҷониби кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба самти Тюмени Федератсияи Россия сафар менамуданд, доир ба мавзуи муҳоҷирати бехатар, пешгирии экстремизм ва терроризм корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ бо муҳоҷирон оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила баррасӣ гардида зикр намуданд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва экстремизм, имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.
Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад.
Дар хатми вохӯрӣ ба он нафароне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан бозгаштаанд барои дарёфти ҷоий кори муносиб дар ширкатҳои ватанӣ дастури муфид дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

