Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар якҷоя бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути парвоз ба шаҳрҳои Федератсияи Россия сафар менамуданд, бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, дастурҳои муфид доданд.
Кормандони масъули Бахш ва Маркази машваратӣ дар суҳбат бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, иброз намуда, қайд карданд, ки айни замон вазъият дар кишвари Россия мураккаб аст, сафар кардан мутлақо айни мудаъо нест.
Дар рафти вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба хатарҳои муҳоҷират ибрози ақида намуда, таъкид намуданд, ки дар муҳоҷират бо ҳар гуна шахсони тасодуфу ношинос ҳамроҳ нашаванд, дар бораи ёфтани кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар накарда, то кадом андоза асоснок будани кори ба шумо пешниҳод шударо тариқи интернет санҷед, яъне дақиқ намоед, ки оё дар асл чунин корхона вуҷуд дорад ё не, музди меҳнат ва шароити кориаш чӣ гуна аст.
Роҳи аз ҳама хуб ва бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар муроҷиат намудан ба идораҳо ва ташкилоту созмонҳои расмие мебошад, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаруза кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалӣ” ва “Истгоҳи роҳи оҳан” ташриф оварда, пеш аз сафар корҳои фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр намуда истодаанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон