1 майи соли равон кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар Ҷамоати деҳоти Шодоба деҳаи Гулшан ҳангоми сафари нақлиётӣ хатсайри Тоҷикистон – Федератсияи Россия шаҳри Перм вохӯрии судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳорҷират дар ноҳияи Ашт бо қишрҳои гуногуни ҷамоат доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, муҳтавои Паёми Пешвои миллат, қонунгузории Федератсияи Россия омодагии пеш аз сафар, инчунин, доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, муқовимат ба савдои одамон, одамрабоӣ суҳбат баргузор намуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Дар вохури қайд карда шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи мусбат буда, имконият медиҳад, ки муҳоҷирон дар кишварҳои дигар кори муносиб ёфта, шароити зисту зиндагии худро беҳтар созанд, аммо паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, ба ғуломии меҳнатӣ, ба ғуломии шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳаққи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зуроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, маҷбуран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад.
Бинобар ин, барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар, муҳоҷир бояд пешаки тайёрии ҷиддӣ дида, баъдан ба сафар барояд. Барои ин: корро аз оилаи худ сар кунед. Кӯшиш кунед, ки хурду хӯроки аҳли хонаводаатонро аққалан барои ду-се моҳ захира карда, баъд ба сафар бароед. Хароҷотҳои сафаратонро ҳисоб кунед ва бо худ маблағи муайян бигиред, то дар мулки бегона имконияти пардохти иҷорапулӣ, тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва харидани маводи ғизоиро дошта бошед.
Инчунин, донистани тарзи дурусти бақайдгирӣ, барасмиятдарорӣ, шартномаи меҳнатӣ, Хадамоти консулӣ ва Сафорат, ташкилотҳои ғайридавлатие, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, донистани забони кишвари қабулкунанда, фарҳанг ва анъанаҳо, ҳифзи саломатӣ, ташриф ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аъзои оила, боғчаҳо ва мактабҳо барои фарзандони Шумо, муносибат бо корфармоён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ, кафили муҳоҷирати бехатар мебошад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт бурдани корҳои иттилоотӣ ба нақша гирифта шуда мунтазам гузаронида мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт