Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт мулоқотро бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод ҳангоми сафари хатсайри Тоҷикистон – Федератсияи Россия, ташкил намуд.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба пешгирии шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, савдои одамон, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ироа гардид.
Дар баромад мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт қайд намуд, ки муҳоҷират ба як раванди умумибашарӣ табдил ёфта, ҳамасола аз кишвари мо низ ҳазорон нафар одамон бо мақсади дарёфти ҷойи кору манбаи даромад ва беҳтар кардани шароити зиндагии худ ва аҳли оилаашон ба давлатҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.
Мутаассифона, иддае аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо сабаби надоштани иттилооти зарурӣ дар бораи муҳоҷирати қонунӣ дар пайдо кардани кор дар хориҷа душворӣ мекашанд, баъзан кор ёбанд ҳам, музди меҳнати худро гирифта наметавонанд, ба доми қаллобон меафтанд ва ё ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор шуда, ранҷу азоби зиёде мекашанд.
Барои пешгирии чунин хатарҳои муҳоҷират ҳар як шахсе, ки мехоҳад ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад, бояд дар бораи қоидаҳои муҳоҷират ба кишварҳои хориҷӣ маълумот дошта бошад.
Аз ин рӯ, донистани маҳфумҳои ҳуқуқии ин зуҳуроти номатлуб, ҷавобгарӣ барои он ва дода нашудан ба фитнаи ҷалбкунандагон муҳим аст.
Экстремист шахсест, ки фаъолияташ ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ равона шудааст, мисол ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, даъвати оммави ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ наҷодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудааст.
Дар рафти баромад зикр карда шуд, ки ҳар як муҳоҷир бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба шахсони миёнарави тасодуфи ва амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд