Корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб, истгоҳи роҳи оҳан ва нақлиёти мусофирбар бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар бо маром идома дорад.
Дар рафти мулоқоту суҳбатҳо бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид карда мешавад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳама ҳангоми баромадан ба сафар бояд пурра забони давлати қабулкунандаро аз худ кунанд ва дар муҳоҷират ҳама вақт бо худ шиноснома, корти муҳоҷират, огоҳиномаи гузоштан дар қайди муҳоҷират (сабт), Патент барои кор бо расиди пардохти андоз ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро фаромӯш накунанд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки аксарияти муҳоҷирони мо аз сабаби надонистани қонуну қоидаҳои кишвари қабулкунанда, яъне надонистани забон, надоштани касбу ҳунар ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилиҳои зиёд ру ба ру шуда, оқибат фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳон гардида, аз қаламрави Федератсияи Россия ронда мешаванд.
Ҳамзамон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ суҳбат намуда дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Қайд гардид, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро талош менамоянд, ба хусус бо фиристодани паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ интернетӣ (одноклассники, фейсбук, вайбер ва дигар роҳу усулҳо).
Аз ин хотир ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надода ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоред ва дар чунин ҳолатҳо кӯшиш накунед, ки мушкилоти худро ба танҳои ҳал намоед, балки ба воситаи Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед.
Ҳамин тариқ Шумо метавонед бо кӯмаки онҳо аз ҳодисаҳои мазкур сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россияро огоҳ намоед.
Ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид гардид, ки дар муҳоҷират бо истифода аз суғуртаи давлатии кишвари қарордоштаи худ бехатарии вазъи саломати ё дучор гардидан ба ягон ҳодисаи нохӯшро таъмин намуда, дар доираи шартномаи байни корфармо ва коргар бо қайди нотариалӣ фаъолияти кориро ба роҳ монда, як нусхаи шартномаи ба имзо расидаро бо худ гирад.
Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки дар давлати бегона эҳтиёткориро аз даст надода, фарҳангу тамаддуни миллати хешро ҳифз намуда, қонунҳои буду боши муҳоҷирати меҳнатиро риоя намоед.
Дар охир ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ҷавобҳои мушаххас дод шуда, ба онҳо буклетҳои Хадамот оид ба “Тундгаро, экстремист ва терорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист?”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?” ва дигар буклетҳо тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират