Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамкорӣ бо раиси кумитаи маҳалаи деҳаи Ревомутк, Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва дохилӣ, экологӣ оиди муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, оиди Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ба хусус терроризм ва экстремизм вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат оиди муҳоҷирати бехатар ба Федератсияи Россия машваратҳо дода шуда, таъкид карда шуд, ки ҳуҷҷатгузории дурустро мувофиқи қонунгузории кишвари номбурда ба роҳ монанд, дар асосӣ Патент кор ва фаъолия намоянд. Кӯшиш намоянд то ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд ва хилофи қонунҳо ва расму оини он амал нанамоянд.
Инчунин, ҳангоми сафар ба кишварҳои хориҷӣ аз бурдани ҳаргуна гиёҳҳо ва растаниҳои табобатӣ ба монанди «Ҳазориспанд ё Испанд» худдорӣ намоянд, зеро мувофиқи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия, аз 27 ноябри соли 2010, №934 «Ҳазориспанд ё Испанд» моҳи феврали соли 2024 ба рӯйхати растаниҳое дохил карда шуд, ки дорои маводи мухаддир, психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо мебошад. Гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи ин растанӣ дар қаламравӣ Россия, аз ҷумла воридот бо мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ манъ буда, тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Россия ҷазо дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад. Барои шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ аз қаламрави Россия муайян шудааст. Дар сурати аз меъёри пешбинишуда зиёд будани растании номбурда, қоидавайронкунанда ба маблағи 1 миллион рублӣ русӣ ҷарима ва ё нисбат ба ӯ маҳрум сохтан аз озодӣ то ҳабсӣ абадӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд