Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар асоси нақшаи гузаронидани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод ҳангоми сафари хатсайри нақлиётӣ Хуҷанд-Тюмени Федератсияи Россия вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт бо қишрҳои гуногуни ҷамоат доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, муҳтавои Паёми Пешвои миллат, қонунгузории Федератсияи Россия омодагии пеш аз сафар, инчунин доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, муқовимат ба савдои одамон, одамрабоӣ суҳбат баргузор намуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи мусбат буда, имконият медиҳад, ки муҳоҷирон дар кишварҳои дигар кори муносиб ёфта, шароити зисту зиндагии худро беҳтар созанд, аммо паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, афтодан ба ғуломии меҳнатӣ, ба ғуломии шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳаққи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зуроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, зуран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад.
Бинобар ин барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар муҳоҷир бояд пешаки тайёрии пухта дида, баъдан ба сафар барояд.
Барои ин: кушиш кунед, ки хурду хуроки аҳли хонаводаатонро аққалан барои ду-се моҳ захира карда, баъд ба сафар бароед.
Хароҷотҳои сафаратонро ҳисоб кунед ва бо худ маблағи муайян бигиред, то дар мулки бегона имконияти пардохти иҷорапулӣ, тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва харидани маводи ғизоиро дошта бошед.
Инчунин, донистани тарзи дурусти бақайдгирӣ, барасмиятдарорӣ, шартномаи меҳнатӣ, Сафорат, Хадамоти консулӣ, ташкилотҳои ғайридавлатие, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, донистани забони кишвари қабулкунанда, фарҳанг ва анъанаҳо, ҳифзи саломатӣ, ташриф ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аъзои оила, боғчаҳо ва мактабҳо барои фарзандони Шумо, муносибат бокорфармоён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ кафили муҳоҷирати бехатар мебошад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт